ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1897
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3137
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта5034
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта23246
mod_vvisit_counterҲамин моҳ87198
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта108265
mod_vvisit_counterҲамагӣ1728937

Рушди соҳаи саноат дар Ҳисор

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Санаи 26 декабри соли 2018 дар толори калони “Кохи Сомон”-и Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор шуд, ки дар он Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”  ба мардуми кишвар ироа гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва гузаштан ба давлати саноатӣ-агариро ҳадафи муҳими миллӣ эълон намуданд. Дар роҳи татбиқи ин сиёсати оқилона Пешвои миллат дар шаҳри Ҳисор гузоштани заминаи эътимодбахш идома дошта, фаъолияти корхонаи “Агоротехсервис” хуб ба роҳ монда шудаву ҳамкориро бо кишварҳои ҳамсоя амалӣ менамояд. Дар асоси шартономаи тарафайн Ҷумҳурии Узбекистон беш аз 200 адад техникаи соҳаи кишоварзиро харидорӣ намуда, чунин тарзи ҳамкорӣ бо давлатҳои Покистон ва Афғонистон низ ба роҳ монда шудааст. Санаи 27 декабр нахустин тракторҳо ва комабайнҳои тойбанд ба Ҷумҳурии Узбекистон фиристода шуд, ки дар маросими гусели он раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода ва намояндагони Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон  ширкат доштанд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru