ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН
БАРОИ МУРОҶИАТ
ҲИСОР ДАР АКСҲО
ТАШРИФКУНАНДАГОН







![]() | Имрӯз | 2801 |
![]() | Рӯзи гузашта | 1931 |
![]() | Ҳамин ҳафта | 10263 |
![]() | Ҳафтаи гузашта | 19344 |
![]() | Ҳамин моҳ | 7379 |
![]() | Моҳи гузашта | 63082 |
![]() | Ҳамагӣ | 1145584 |
Мулоқоти судманд
- Панҷшанбе, 25 Июл 2019


- Пешина
- 1 of 2
- Минбаъда
Бо иштироки муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, сардори Хадамоти давлатии ташхиси тибии иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Амиршоҳзода Шералӣ Темур ва раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода дар толори хурди маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мулоқоти судманд оид масъалаҳои дастгирии унвонии иҷтимоӣ, иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷорӣ намудани низоми таҷрибавии дастгирии унвонии иҷтимоӣ ба аҳолии камбизоат” ва “Барномаи давлатии расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020” баргузор гардид.
Муовини раиси шаҳр Азимӣ Ҳ.И. оид ба дастрасии кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ маълумот дод ва баъдан барои беҳбудии фаъолият дар ин самт муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, сардори Хадамоти давлатии ташхиси тибии иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Амиршоҳзода Шералӣ Темур ва раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода андешаҳои худро баён намуданд.
Шаҳрдори Ҳисор дар суханронии худ зикр дошт, ки дастрасии кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ дар қиёс бо соли 2015 таносуби пастравӣ дошта, агар дар соли 2015 – 1 млн. 564 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардида бошад, ин рақам дар соли 2018 ба 1 млн. 240 ҳазору 900 сомонӣ баробар аст ва дар шаш моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ 512 ҳазору 200 сомонӣ барои 1606 оилаҳои камбизоат равона гардидааст.
Муовини раиси шаҳр оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, шуъбаи ҳифзи иҷтимоӣ, ислоҳи иқтисодӣ ва савдо вазифадор гардиданд вобаста ба амалӣ намудани тадбирҳо дар самти дастгирии иҷтимоии оилаҳои камбизоат ва дигар табақаҳои осебпазири аҳолӣ дар асоси қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ барои фароҳам овардани шароити арзанда ва баланд бардоштани вазъи некуаҳволии мардум чораҷӯӣ намуда, дар навбати аввал ба ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони дар шароити душвори зиндагӣ қарордошта ва камбизоат, маъюбон, нафақахурон, шахсони яккаву танҳо, кудакони ятиму бесаробонмонда ва оилаҳои камбизоат эътибори бештар зоҳир намоянд.