ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН
БАРОИ МУРОҶИАТ
ҲИСОР ДАР АКСҲО
ТАШРИФКУНАНДАГОН







![]() | Имрӯз | 23 |
![]() | Рӯзи гузашта | 2822 |
![]() | Ҳамин ҳафта | 7423 |
![]() | Ҳафтаи гузашта | 14106 |
![]() | Ҳамин моҳ | 7423 |
![]() | Моҳи гузашта | 63082 |
![]() | Ҳамагӣ | 1145628 |
Боздид аз корҳои ободонӣ ва роҳу иншоот
- Сешанбе, 02 Феврал 2021





- Пешина
- 1 of 5
- Минбаъда
Соли 2021 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба муносибати таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳр 300 - рўзи ободонӣ ва соли 2021 - ро «Соли роҳҳои обод» эълон намудааст.
Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода санаи 1 феврали соли ҷорӣ аз вазъи роҳҳои автомобилгарди маҳаллаҳои Гагарин, Абдурауф Юсуфов, кўчаи Неъмат Қаробоеви маҳаллаи Пахтаобод, Бобоҷон Ғафуров ва кўчаи Ўроқ Аловиддинов дидан карда, ба сардори муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгард дар шаҳр ҷиҳати ҳарчи зудтар таъмир намудани минтақаҳои харобгардидаи роҳ бар асари боришоти зиёди барфу борон дар тирамоҳу зимистони солҳои 2020 ва 2021 дастур доданд.
Раиси шаҳр аснои боздид ба рафти сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар ин маҳаллаҳо таваҷҷуҳ зоҳир карда, бо сохтмончиён дидору суҳбат намуданд. Ба масъулини сохтмон аз ҷониби Раиси шаҳр тавсия дода шуд, ки суръати корҳоро тезонида ба сифати сохтмон низ диққат диҳанд. Инчунин, таъкид гардид, ки ба ободонию дарахтшинонӣ дар атрофи биноҳое, ки сохтмонашон анҷом ёфтаасту дар ҷашни Наврўзи байналмилалӣ мавриди истифода қарор мегиранд, аз ҳоло тадбирҳои зарурӣ андешанд.