ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН
БАРОИ МУРОҶИАТ
ҲИСОР ДАР АКСҲО
ТАШРИФКУНАНДАГОН







![]() | Имрӯз | 115 |
![]() | Рӯзи гузашта | 2822 |
![]() | Ҳамин ҳафта | 7515 |
![]() | Ҳафтаи гузашта | 14106 |
![]() | Ҳамин моҳ | 7515 |
![]() | Моҳи гузашта | 63082 |
![]() | Ҳамагӣ | 1145720 |
Ярмаркаи фурўши китоб
- Ҷумъа, 12 Феврал 2021



- Пешина
- 1 of 3
- Минбаъда
Дар майдони Парчами шаҳри Ҳисор 12 феврали соли равон бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамкорӣ бо муассисаи нашриявии «Адиб» бо мақсади ҷалби аҳолӣ ба китоб, бедор намудани ҳисси эҳтиром нисбат ба ин ганҷинаи бебаҳо, омўзиш ва таҳқиқи мероси гаронмояи таърихию фарҳангии халқи тоҷик, тарғибу ташвиқи арзишҳои волои фарҳанги миллӣ ва умумибашарӣ таҳти садои карнаю сурнай ярмарка – фурўши китоб доир гардид.
Ба ярмарка Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода ташриф оварда ба масъулини нашриёти «Адиб» барои баргузории чунин як чорабинии пуршукўҳ арзи сипос карда якчанд китоб аз намунаҳои осори адибон харидорӣ намуд.
Мардуми зиёд, ашхоси касбу кори гуногун бо табъи болида аз бозори китоб дидан намуда, китобҳои нодиру мақбули худро бо нархҳои дастрас харидорӣ карданд.
Дар ярмарка аз ҷониби нашриёти «Адиб» 172 номгўй намунаи осори адибони классик, муосир ва ҷаҳонӣ ба намоиш ва фурўш гузошта шуда, аз ҷониби макомоти ичроияи хокимияти давлатии шахр. ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ҳоҷагиҳо, корхонаву муассиса ва аҳолӣ бештар аз 4000 китоб харидорӣ шуд.
Адибони шинохта, шоирони халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, Раҳмат Назрӣ, нависандагон Абдуҷаббор Абдуғаффор, Давлат Сафар дар чорабинӣ иштирок ва ба китобҳои харидоришудаи дўстдорони каломи бадеъ соядаст гузоштанд.