ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1490
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2567
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта8358
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта20198
mod_vvisit_counterҲамин моҳ40266
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта50366
mod_vvisit_counterҲамагӣ1228837

Муаррифии Барномаи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор санаи 15 марти соли равон бо иштироки муовинони раиси шаҳр, кормандони масъули шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот муаррифии Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Ҳисор барои солҳои 2021–2025 доир гардид. Барномаро шуъбаи ҳифзи иҷтимоӣ, ислоҳоти иқтисодӣ ва савдои омода намуда аз ҷониби коршиноси Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид.

Барнома вазъи кунунии шуъбаи иқтисодӣ, таҳлили мушкилотҳо, стратегия, ҳадаф ва вазифаҳои барномавиро дар бар гирифта заминаҳои ҳуқуқӣ ва стратегии онро шарҳ медиҳад. Ҳадафи дарозмуҳлати Барнома баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум тавассути таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ маҳсуб меёбад.

Тибқи Барнома Ҳисор дар соли 2025 шаҳри муосиру замонавӣ, устувору иноватсионӣ, ба тағйироти иқлим ва офатҳои табиӣ тобовар, маркази муҳими рушди соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, дурдонаи ҷолиби соҳаи сайёҳӣ ва “Роҳи абрешим”, ки дар он ҳамаи шароитҳои замонавии иҷтимоӣ, тиҷорат, савдову хизматрасониҳо, ҳуқуқ ва манфиатҳои зану мард дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, боиси некўавҳолии онҳо гаштааст пешбинӣ шудааст.

Дар барнома дар бораи вазъи кунунии иқтисодии шаҳр маълумоти фаровон гирд оварда, дар ин самт оид ба вазъи соҳибкории хурду миёна, кишоварзӣ, сохтмон ва дастрасӣ ба манзил, рушди соҳаи сайёҳӣ, дар самти иҷтимоӣ бошад дар бораи соҳаҳои маориф, тандурустӣ, шуғли аҳолӣ ва бозори меҳнат, кор бо ҷавонон фарҳанг ва варзиш, инчунин дар бахши инфрасохтор соҳаи хоҷагии манзили коммуналӣ ва оби нўшокӣ, таъмин бо барқ, нигоҳдории роҳ ва нақлиёт, дар бахши бехатарии муҳити зист мушкилот ва вазифаҳои барномавӣ нишон дода шудааст.

Ҳамин тавр дар шаҳр тибқи Барномаи то соли 2025 дар бахши иқтисодиёт 305 лоиҳа ва дар бахши иҷтимоиёт 250 лоиҳа, инфрасохтор, ҳолатҳои фавқулода ва ҳифзи муҳити зист 83 ва дар идоракунии раванди тадбиқи Барномаи рушди шаҳри Ҳисор 16 лоиҳа, дар умум 654 лоиҳа бо маблағи умумии 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ амалӣ мегардад.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru