ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1446
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2567
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта8314
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта20198
mod_vvisit_counterҲамин моҳ40222
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта50366
mod_vvisit_counterҲамагӣ1228793

Ҷашнвора дар деҳаи лолагӣ

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Соҳибкори нафақахўр ва маорифпарвар Шодибек Қурбонов дар деҳаи Лолагии Ҷамоати деҳоти Навобод бинои дуқабатаи иборат аз нуқтаи таъмир ва шустушўйи нақлиёт, нонвойхона, осиёбро бо маблаи 550 000 сомони бунёд намуда, ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, ки доимо омўзиши ду се забонҳои хориҷиро ба наврасон таъкид мекунанд дар ошёнаи дуюми бино барои забономўзии фарзандони деҳа утоқҳои омўзиши забонҳои хориҷиро ба роҳ мондааст.

Меҳмонон ба синфхонаҳо даромада бо хонандагон бо забони англисӣ ва русӣ саволу ҷавоб карданд. Шогирдон бо забонҳои хориҷӣ дар васфи Ватан, Парчам, Истиқлолият, Президент, Наврўз ва дигар муқаддасот бо ифтихор сухан ронда, миннатдории хешро ба Ҳукумати кишвар ва соҳибкороне, ки чунин шароитро барои забономўзӣ муҳайё кардаанд баён доштанд.

Муовини Сарвазири мамлакит иқдоми маърифатпарваронаи соҳибкорро дар деҳот беҳтарин фазилати инсонӣ, ғамхорӣ ба насли наврас ва ояндаи миллат, мусоидат ба забондонию ҷаҳондонӣ маънидод намуда, аз олитарин корҳои хайру савоб унвон кард.

Дар саҳни иншоот Матлубахон Сатториён бо шахсони муътабари деҳа ва ҳамсоядеҳаҳои Мавлонҷари Болою Мавлонҷари Поён, Обигарм ва Ғуриёт, мулоқот намуда аз заҳмату талошҳои Пешвои муаззами миллат дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдат, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани мамлакат, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳадафи чорўм эълон намудани саноатикунонии босуръат ва аз кишвари аграрӣ ба саноатию аграрӣ табдил додани он ва дар меҳвари таваҷҷӯҳу муҳаббати беандозаи Пешвои миллат қарор доштани сокинону соҳибкорони  ободкори шаҳри Ҳисор изҳори андеша намуд.

Дар масофаи начандон дуртар аз ин иншоот соҳибкори дигари ҳамин деҳа Хурсандмурод Кенҷаев бинои дуошёнаи иборат аз мағозаи хўрокворӣ ва толор барои варзишро ба маблағи беш аз 500 000 сомонӣ бунёд намудааст, ки дар пайи ин иқдоми соҳибкор барои сокинони маҳаллӣ ҷойи кори доимӣ муҳайё гардидааст. Мағоза аз толори кушоду барҳаво иборат буда, бо яхчолу яхдон ва дигар лавозимот барои нигоҳдории ҳасибҳову маҳсулоти ширӣ ва шарбату нўшокиҳои ташнашикан тибқи талаботҳои санитарию стандартӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Муовини Сарвазир ва Раиси шаҳр дар даромадгоҳи деҳа ба иншооти бунёднамудаи соҳибкор Абдувалӣ Юсуфов, ки ба истиқболи ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дўконҳои табақтарошӣ, гаҳвораю сандуқсозӣ ва барои бонувони маҳаллӣ сехи омўзиши ҳунарҳои мардумӣ аз қабили гулдўзӣ, зардўзӣ, шерозбофӣ, қуроқдўзӣ, зочабофӣ ва ҳамин монанд ҳунарҳоро роҳандозӣ кардааст, оғози расмӣ бахшиданд.

Соҳибкор устоҳои маҳаллӣ ва занҳои ҳунарманди деҳаро ба кор даъват карда бо ташкили шароити мусоид барои ҳунаромўзии ҷавонон ва духтарони деҳаҳои Лолагӣ ва атрофи он ҷалб намудааст. Дар бунёди иншоот, ки аз се ҳуҷра дар як ошёна иборат аст 150 000 сомонӣ масраф гардидааст.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru