ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1453
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2567
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта8321
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта20198
mod_vvisit_counterҲамин моҳ40229
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта50366
mod_vvisit_counterҲамагӣ1228800

машварати назди Раиси шахр

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

29 март бо иштироки муовинон ва кормандони масъули дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони муассисаву ташкилот ва сохторҳои дахлдор ҷаласаи машваратии назди Раиси шаҳр доир гардид.

Муовини якуми Раиси шаҳр оид ба ҳаҷми истеҳсоли масулот дар корхонаҳои саноатӣ, фаъолияти терминалҳо ва ҳаҷми мусофирбарию боркашонӣ, ҳолати назорати техникӣ ва танзими ҳаракати нақлиёт, ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ ба муносибати 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳолати таъмини аҳолӣ бо обу барқ, ҷамъоварии маблағи он ва таъмири садамаҳо дар хатҳои обу канализатсия, омодагӣ ба таъмири роҳҳо, сафарбарии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ гузориш дод.

Раиси шаҳр аз ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар корхонаҳо, бахусус корхонаву коргоҳҳои истеҳсоли хишт, қуму шағал ва дўхти сарулибоси мактабӣ изҳори нигаронӣ карда, маълумотҳои пешниҳодгардидаро дар ин хусус номукаммал баҳогузорӣ намуд. Инчунин, фаъолияти сохторҳои назоратиро оид ба рафти ҳуҷҷатгузорӣ дар иншооте, ки мавриди истифода қарор гирифтааст нокифоя ва ғайриқаноатбахш хонда, ҷиҳати рафъи ҳарчӣ зудтари камбудиҳо ба масъулон дастуру супориш дод.

Аз натиҷаи ҳисобот ва маълумотҳои муовини раиси шаҳр оид ба соҳаи кишоварзӣ ва сардори раёсати кишоварзӣ бармеояд, ки иҷрои дурнамои кишти картошка ва омодагихо ба кишти пахта дар хоҷагиҳои кишоварзӣ мувофиқи мақсад нест. Таъкид гардид, ки вобаста ба шудгор ва кишти пахта ситоди доимоамалкунанда ташкил карда шавад ва кишти зироатҳо тибқи талаботҳои агротехникӣ дар муҳлатҳои муайянгардида роҳандозӣ гардида, шахсони масъул аз натиҷаи он ҳамарўза ба Раиси шаҳр гузориш ирсол намоянд.

Оид ба чорабиниҳои баргузоргардида дар рўзҳои таҷлили ҷашни Наврўзи байналмилалӣ ва нақшаи баргузор намудани «Сайри гули лола» дар шаҳр гузориши муовини соҳавӣ шунида шуд. Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр оид ба масъалаҳои баррасишаванда дар ҷаласаи қарибулвуқуи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор маълумот дод.

Раиси шаҳр ҷиҳати иҷрои Барномаҳои давлатӣ, инчунин оид ба риояи талаботҳои ҷоригардида вобаста ба пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, фаъолият ва тозагии масҷидҳо, китобхонаҳо, ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ба масъулон тавсияҳои судманд дода, таъкид намуд, ки дар иҷрои вазифаҳо бемасъулиятӣ зоҳир накунанд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru