ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2139
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3111
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта5250
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта17033
mod_vvisit_counterҲамин моҳ67048
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта60568
mod_vvisit_counterҲамагӣ1860430

Туйи суннатии 30 кўдак аз оилаҳои камбизоат

http://www.zoofirma.ru/

Санаи 23 октябр дар меҳмонхонаи «Усто Набот» бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва соҳибкор Нурулло Ҳусейнов тўйи суннатии 30 кўдак аз оилаҳои камбизоати ҷамоати шаҳраки Ҳисор баргузор гардид.

Аз номи Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода кўдакон ва волидони онҳоро муовини якуми раиси шаҳр ба муносибати тўяшон муборакбод гуфта, ба зиндагии минбаъдаашон хушбахтӣ таманно намуд. Ба соҳибкори саховатпеша барои ташаббуси наҷибаш аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор арзи сипосу эҳтиром намуда, ғамхорӣ дар ҳаққи гурўҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар навбати аввал ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд, нафақахўрону собиқадорон ва якаву танҳо аз вазифаҳои муҳимтарини аҳли ҷомеа маънидод гардид.

Таъкид гардид, ки соҳибкорони шаҳр бо ҷонибдории амиқ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари ободу шукуфон намудани сарзамини аҷдодӣ, бо фазлу эҳсонкорӣ дар самти дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ саҳми муносиб мегузоранд.

Дар идома ба дўстрўякон туҳфаҳои хотиравӣ ва маблағҳои пулӣ тақдим карда шуд. Ҳунармандони маъруфи кишвар ва санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр бо барномаи рангини консертӣ ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшиданд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru