Ҷавонон – дӯстдори диёри хеш

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 5
  • Минбаъда

Бахшида ба тарғиби Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади иҷрои нақша-чорабиниҳои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо дастури Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аъзоёни гурӯҳи «Авангард» дар ҳамроҳӣ бо намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фотеҳзода Абдусаттор аз шаҳри Ҳисор боздид ба амал оварданд. Ҳайати меҳмононро намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар назди чойхонаи «Харбуза»-и шаҳр пазироӣ намуда, сараввал бо ин чойхонаи боҳашамат ва Варзишгоҳи марказӣ шинос намуданд.

Баъдан дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мулоқоти ҷавонон бо раиси шаҳри Ҳисор баргузор гардид. Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода оид ба нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат ва нақшаи фаъолият дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ибрози андеша намуда, аз ҷумла зикри он дошт;

Дар ҳақиқат Паёми Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади тақдирсоз ва раҳнамои аҳли ҷомеа маҳсуб ёфта, моро вазифадор менамояд дар роҳи таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини рушди бомайлони иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва муҳим аз ҳама ҳифз ва гиромидошти олитарин арзишҳои миллӣ дучанд кору фаъолият намоем...

Мавсуф баъдан оид ба нақши ҷавонон дар бунёди давлати демократӣ ва дастовардҳои онҳо дар Соли ҷавонон сухан карда, иқдоми мазкурро дар роҳи тарғиби мавзеъҳои таърихӣ ва ҷалби сайёҳони ватанию хориҷӣ ба шаҳри Ҳисор судманд арзёбӣ намуд.

Намояндаи ВҶавонон – дӯстдори диёри хеш

Намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фотеҳзода Абдусаттор ва роҳбари гурӯҳи ҷавонони «Авангард»-и Вазорати корҳои дохилӣ Мардихудо Давлатов низ андешаҳои худро оид ба Паёми Пешвои миллат баён доштанд.

Дар анҷоми мулоқот раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода аз Фотеҳзода Абдусаттор хоҳиш намуд, ки Сипосномаи мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии шаҳрро барои дастгирии пайваста ба Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бирасонад ва дар яквақт раиси шаҳри Ҳисор ва якчанд нафар ҷавонони фаъол бо Ифтихорномаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ шуданд.

Давоми рӯз гурӯҳи ҷавонони “Авангард” аз ҷойҳои таърихии шаҳр дидан намуда, бори дигар эътиқод пайдо намуданд, ки дар ҳақиқат Тоҷикистон сарзамини биҳиштӣ ва макони сайру сайёҳат аст.

азорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фотеҳзода Абдусаттор ва роҳбари гурӯҳи ҷавонони «Авангард»-и Вазорати корҳои дохилӣ Мардихудо Давлатов низ андешаҳои худро оид ба Паёми Пешвои миллат баён доштанд.

Дар анҷоми мулоқот раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода аз Фотеҳзода Абдусаттор хоҳиш намуд, ки Сипосномаи мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии шаҳрро барои дастгирии пайваста ба Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бирасонад ва дар яквақт раиси шаҳри Ҳисор ва якчанд нафар ҷавонони фаъол бо Ифтихорномаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ шуданд.

Давоми рӯз гурӯҳи ҷавонони “Авангард” аз ҷойҳои таърихии шаҳр дидан намуда, бори дигар эътиқод пайдо намуданд, ки дар ҳақиқат Тоҷикистон сарзамини биҳиштӣ ва макони сайру сайёҳат аст.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru