АЗИМӢ ҲАФТАНДИЛ ИСМОИЛ

http://www.zoofirma.ru/

Муовини раиси шаҳри Ҳисор

23 майи соли 1975 дар деҳаи Қарамқули ноҳияи Ҳисор дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1997 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст. Аз 21-уми майи соли 2014 то ҳол дар вазифаи Муовини раиси шаҳри Ҳисор кор мекунад. Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор мебошад. Оиладор, соҳиби 3 фарзанд аст.

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1992-1997 - донишҷӯи Донишгоҳи давлатии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2000-2001 - мутахассиси пешбари шуъбаи робита бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2001-2002 - мутахассиси пешбари ҳисобдории марказии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2002-2004 - сармутахассиси шуъбаи мониторинги ҳуҷҷати Стратегияи  паст кардани сатҳи камбзоатии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2004-2006 - иқтисодчии шуъбаи кишоварзии Хадамоти таъминоти моддию техникии Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон», шаҳри Душанбе

Солҳои 2006-2008 - иқтисодчии пешбари Хадамоти таъминоти моддию техники Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон», шаҳри Душанбе

01-05 соли 2008 - иқтисодчии дараҷаи дуюми шуъбаи таҳлили молия ва маркетинги идораи рушди корпоративии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ориёнбонк», шаҳри Душанбе

Солҳои 2008-2009 -иқтисодчии дараҷаи дуюми шуъбаи қоғазҳои қиматноки идораи рушди корпоративии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ориёнбонк», шаҳри Душанбе

08-12 соли 2009 - мутахассиси пешбари шуъбаи талаботи тахасусии Раёсати хизмати давлатии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри  Душанбе

Солҳои 2009-2010 - мутахассиси пешбари шуъбаи таъминоти кадрии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри  Душанбе

Солҳои 2010-2011 - муовини сардори шуъбаи талаботи тахассусӣ ва системаи музди меҳнати Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

04-06 соли 2011 - муовини сардори шуъбаи молия ва хоҷагӣ – мудири бахши умумии Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2011-2013 - муовини сардори шуъбаи таъминоти кадрии хизмати давлатии Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

04-05 соли 2014 - муовини сардори шуъбаи идоракунии захираҳои инсонии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Аз 21-уми майи соли 2014 то ҳоло Муовини раиси шаҳри Ҳисор

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru