Рӯзи қабули шаҳрвандон дар Ҷамоати деҳоти Дурбат

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 6
  • Минбаъда

Дар Ҷамоати деҳоти Дурбат Рўзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳри Ҳисор тариқи “Равзанаи ягона” баргузор гардид. Ба раиси шаҳр 39 нафар шаҳрвандон оид ба масъалаҳои ҷудо намудани қитъаи замин, таъмири роҳ, ивази симчӯбҳо ва баҳси оилавӣ муроҷиат карданд. Масъулони соҳаҳо вазифадор шуданд, ки ҳар як муроҷиатро дар муҳлати муқарраргардида таҳлил ва баррасӣ намуда, ба муроҷиаткунанда аз натиҷаи корҳои ба анҷом расида ахбори хаттӣ ирсол намоянд.

Баъдан раиси шаҳри Ҳисор бо фаъолони ҷамоат мулоқот доир намуда, иҷрои муроҷиати шаҳрвандон ва протоколи маҷлиси Рӯзи қабули шаҳрвандонро, ки санаи 24 августи соли 2017 баргузор гардида буд, мавриди таҳлил қарор дод. Аз баррасии масъала бармеояд, ки аз 30 муроҷиати ба қайдгирифта шуда 27-тои пурра иҷро гардида, се муроҷиат оид ба бунёди муассисаи томактабӣ мавриди иҷро қарор дорад.

Раиси шаҳр вазъи санаданигорӣ, дафтардорӣ, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, рафти кишти баҳорӣ, омодаги хоҷагиҳоро ба мавсими баҳор мавриди таҳлил қарор дода, ба масъулин ҷиҳати иҷрои нақша-чорабиниҳои соҳавӣ дастуру супориши мушаххас баён дошт.

Сокинони ҷамоат барои чунин мулоқот, ки аз сиёсати оқилонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадааст, изҳори эҳтиром намуда, азми он доранд, ки соли ҷориро бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ҷамъбаст намоянд.

Ин нахустин Рӯзи қабули шаҳрвандон тариқи “Равзанаи ягона” дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар соли ҷорӣ маҳсуб ёфта, дар асоси ҷадвали баргузории он дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот низ дар назар аст.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru