Бо амри виҷдон шафоф фаъолият бояд кард...

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 6
  • Минбаъда

Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо иштироки раиси шаҳр ва намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои нақша-чорабиниҳои татбиқи “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва пешниҳодҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафъи ҳолатҳое, ки ба содир намудани ҷиноят ва дигар қонуншиканиҳо мусоидат мекунад, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Муовини якуми раиси шаҳр, раиси Комиссияи ҷамъиятии пешгирии муқовимат бо коррупсияи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба масъалаи зикршуда маълумот пешниҳод намуд. Баъдан намояндагони Агентии мазкур оид ба оқибатҳои нохуш ва роҳҳои пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ изоҳри назар намуданд. Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода дар суханронии худ зикри он дошт, ки: “Ба ҳамагон маълум аст, ки ҷаҳони муосир пуртаззод ва пурмуаммову мураккаб буда, онро дарк намудан, фаҳмидан ва нисбат ба ҳодисаву воқеаҳо ва падидаҳои он  як роҳу равиш ва усули ягона, қатъӣ ва фарогирии аҳли ҷомеаро дарёфт намудан ва истифода бурдан аз имкон берун аст. Дар ин ҷаҳони гуногунранг ва замони пурихтилоф шахсон, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо амалҳои тундравона, фасодкорӣ, порахӯрӣ ва мардумфиребӣ  амалӣ созанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ зикр намудаанд: “Мушкилоти дигаре, ки рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишварро халалдор намуда, боиси нигаронии шаҳрвандон шудааст, содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ мебошад.

Зеро ҳанӯз ҳам ҳолатҳои аз тарафи баъзе кормандони мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо содир гардидани ҷиноятҳои коррупсионӣ ҷой доранд.

Тибқи ин назарсанҷӣ коррупсия аз ҳама бештар дар сатҳи сохтору мақомоти идоракунӣ ба назар расида, дониши пасти ҳуқуқии шаҳрвандон ва хоҳиши зудтар ҳал намудани мушкилоти худ ҳамчун сабаби содир намудани амалҳои коррупсионӣ арзёбӣ шудааст.”

Ба ақида ва иттифоқи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рӯзноманигорон дар ҳама табақаҳои ҷомеа фасодкориву порахурӣ вуҷуд дорад  ва ин падида дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ба амал меояд. Ҷои афсӯс он аст, ки имрӯз дар ҷомеаи мо низ шахсоне кору фаъолият доранд, ки на бо меҳнати ҳалол, балки бо роҳи фиреби мардум, муфт ба даст овардани маблағ ва дуруғу хиёнат мехоҳанд зиндагии шоистае дошта бошанд. “

Аз ҷониби намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Ҳисор ҷиҳати пешгирии фасодкорӣ дар ҷомеа дастуру супоришҳои мушаххас пешниҳод гардид.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru