Оилаи хушбахт - оилаи безуроварист

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шањри Њисор тибқи банди 9 ва 12 Нақшаи амали «Барномаи давлатї оид ба пешгирии зуроварии оила дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2014-2023 санаи 10 майи соли равон бо иштироки зиёда 300 нафар занон шаҳр ва  Мањбуба Азимова мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрњои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, Дилбар Муродмадовна мудири шуъбаи умумї ва мурољиат бо шањрвандони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Сураё Уроќова соњибкорзанвохурї гузарониданд.

Дар вохурї аз љониби мењмонон суханњои судманд ва таъсирбахш баён гардида, ќайд намудаанд, ки муҳимтарин самтҳои сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа ба шумор меравад.

Мутаассифона, имрӯз бо чунин занону модароне дучор шудан мумкин аст, ки худро дар омӯзиши донишҳои дунявӣ аз ҳамқадам будан бо ҷомеаи умумибашарӣ дар канор гирифта, суннатҳои миллиро ба кунҷи фаромӯшӣ ниҳодаанд. Ҳамин аст, ки онҳо дар тарзи либоспӯшӣ ру ба бегонапарастӣ оварда, дар тарбияи фарзандон таъсири манфӣ мерасонанд, ва бо каме мушкилињои зиндагї тоќат накарда даст ба худкушї мезананд, ки ин боиси нигаронии ањли љомеа мегардад.

Занону модарон бояд тавре кору зиндагӣ кунанд, ки рисолати модариро сарбаландона ба ҷо оварда, бо рафтору гуфтор ва хизматҳои софдилонаи худ ба боварию эътимоди Пешвои миллат, Ҳукумати ҷумҳурӣ, умуман, халқу диёр пайваста таҳким бубахшанд ва дар ҷодаҳои ҳаёт ҳамеша арзандаи ҳама гуна эҳтирому  қадршиносӣ  ва  дӯстдорӣ  бошанд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru