ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз125
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2315
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта4783
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта36306
mod_vvisit_counterҲамин моҳ56658
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта53359
mod_vvisit_counterҲамагӣ427111

Рўзи байналхалқии оила

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 5
  • Минбаъда

Бо шарофати сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи навини давлатдориамон оила чун рукни муҳими давлатдорӣ ва асоси ҳастии ҷомеа эътироф гардида, бузургтарин ҳадафе, ки имрўз дар назди Ҳукумати мамлакат қарор дорад, бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд, дунявцӣва демократӣ мебошад.

Бунёди оилаи солим ва хушбахт, тарбияи фарзанди солеҳ ва таъмини ниёзҳои иҷтимоии аъзоёни оила аз самтҳои асосии сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат буда, барои шинохти оила ва бузургдошти мақоми падару модар ва фарзанд дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон корҳои шоистаи таҳсин ва омӯзиш амалӣ гардидаанд - иброз дошт раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода дар суханронии худ бахшида ба таҷлили Рўзи байналхалқии оила.

Раиси шаҳр масъалаҳои марбут ба маърифати оиладорӣ, риояи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, тарбияи фарзандони солеҳ, пешгирии ҳодисҳои номатлуб ва махсусан дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мулоқот бо аҳли ҷамоатчигии мамлакат, ки санаи 12 майи соли ҷорӣ баргузор гардид, баён доштанд бори дигар мавриди таҳлил ва тарғиб қарор дода, таъкид бар он дошт, ки ҳар фарди ҷомеа бояд дар мақоми худ бо мақсади ободию шукуфоии ватани азизамон Тоҷикистон кору фаъолият намояд.

Баъдан чанд оилаҳои беҳтарини шаҳр бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ қадршинсӣ гардиданд ва ба ҳашт ҷуфт ҷавононе, ки бунёди оиларо мақсад кардаанд, шаҳодатномаи акти никоҳ супорида шуд.

Барномаи консертии аҳли ҳунар низ фарогири шеъру тарона дар мавзӯӣ шинохти асолати миллӣ, маърифати оиладорӣ ва эҳтироми падару модар буд ва аз ҷониби ҳозирин бо хушнудӣ пазироӣ гардид.

Рўзи байналхалқии оила муборак, ҳамватанони азиз.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru