Мароми халқ- мароми мо

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Ҳадаф аз баргузории Рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарони ҳамаи зинаҳо дар маҳалли зисти аҳолӣ, такмили роҳу усулҳои қабули шаҳрвандон, ҳалли мушкилоти рӯзгори мардум, таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ ва иртиботи мутақобилан судманди мақомот бо ҷомеа аз ҳадафҳои муҳими баргузории Рӯзи қабули шаҳрвандон буда, бо мақсади огоҳии бештар аз вазъи зиндагии аҳолӣ ва ҳалли масоили мавҷуда дар Ҷамоати шаҳраки Шарора аз ҷониби раиси шаҳри Ҳисор Рӯзи қабули шаҳрвандон тариқи “Равзанаи ягона”  баргузор гардид.

Ба шаҳрдори Ҳисор 84 нафр шаҳрвандон муроҷиат карданд, ки аз он 72 муроҷиат марбут ба таъмин бо қитъаи замини наздиьавлигӣ буда, раиси шаҳр Комиссияи ҷамъиятии тақсимоти заминро вазифадор намуд, ки дар давоми як моҳ дархости шаҳрвандонро дар маҳал мавриди омӯзиш қарор диҳанд ва дар асоси нишондоди қонунҳои ҷорӣ ҳаллу фасл намоянд. Шаҳрвандон ҳамчунин оид ба таъмири роҳ, иваз кардани симчубҳо ва кӯмаки моддию фаъолияти хоҷагии коммуналӣ муроҷиат намуданд ва аз ҷониби масулон иҷрои он дар кутоҳтарин мӯҳлат таъмин хоҳад шуд.

Иштироки фаъолонаи сокинон дар рӯзҳои қабули Раиси шаҳр     шаҳодат аз он аст, ки эътимоди мардум ба мақомоти давлатӣ, ҳукумати маҳаллӣ боз ҳам қавитар шуда, сиёсати имрӯзаи раийятпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонии ҳамаҷонибаро касб намудааст.

Баъдан раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода фарорасии моҳи Рамазонро ёдрас намуда, дархости он дошт, ки шаҳрвандон бояд бо ҳусни муошират бо аҳли хонадон, меҳру муҳаббат ба наздикону пайвандон, муомилаи нек бо ҳамсоягон, мурувват бо дӯстону ҳамкорон, раҳму шафқат ба беморону барҷомондагон, кӯмаку ғамхорӣ ба дармондагону бечорагон, ёди хайр аз гузаштагонро дар ин моҳ бештар амалӣ намуда, дар ободии диёр саҳмгузор бошанд.

Баргузории Рӯзи қабули шаҳрвандон тариқи “Равзанаи ягона” аз ҷониби раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот идома дорад.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru