Мулоқот бо варзишгарони шаҳр

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо варзишгарони  шаҳр мулоқот доир намуда, дар баробари тарғиби дастовардҳо, рафъи камбудиҳо ва пешравии варзишро дар шаҳр мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дод.

Раиси шаҳр дар суханронии худ зикри он дошт, ки Ватан – Модар ва ҷомеа дар симои варзишгарон ворисони арзанда, номбардор ва мутахассисони варзидаву шинохтаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишварро интизор аст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои сайқал додани истеъдоди насли наврасу ҷавон вобаста ба талаботи замони муосир тамоми шароиту имкониятҳои мусоидро барои таълиму тарбия, ҷисман солим инкишоф ёфтани онҳо фароҳам меорад.

Бояд тазаккур дод, ки варзишгарони шаҳр дар мусобиқаҳо, чемпионатҳои ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ ва Осиё ширкати фаъолона намуда, дар соли 2016 соҳиби 117 медал, аз он 36 – медали тилло, 33 – медали нуқра, 48 – медали биринҷӣ, дар соли 2017 соҳиби 254 медал, аз он  80 – медали тилло, 68 – медали нуқра ва 106 –медали биринҷӣ, дар семоҳи аввали соли 2018 соҳиби  119 медал, аз он 44 - медали тилло, 29 - медали нуқра ва 38 – медали биринҷӣ гардидананд, ки боиси ифтихор мебошад.

Аз нишондодҳои соли 2016,  2017 ва се моҳаи аввали соли 2018 бармеояд, ки  варзишгарони мактаби варзишӣ соҳиби 500 медал гардидаанд.

Баъдан Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ба мактаби варзишии ба номи  Абдуманон Зокиров ба маблағи 20000 ҳазор сомонӣ ва ба мураббиёну варзишгарон Сипоснома, мукофоти пулӣ ва кафолатномаро барои ройгон гирифтани сару либоси мактабӣ тақдим намуд ва  мактаби варзишии ба номи устоди варзиш Абдуманон Зокиров вазифадор кард, ки бахшида ба 27 солагии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявиро дар намуди гуштини миллӣ ба хотири зиндадошти Мурабии шоистаи варзиши Тоҷикистон Абдуманнон Зокиров бо ҷалби варзишгарони номии ҷумҳурӣ ва берун аз он баргузор намояд.

Дар идомаи чорабиниҳои ҷашнӣ шоми имрӯз бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар варзишгоҳи «Ҷавонӣ» чорабинии шаҳрӣ ва баргузории консерти идона бо иштироки беҳтарин ҳунармадони кишвар дар назар аст.

Варзишгарони шаҳрро ба муносибати фарорасии санаи фархундаи зиндагӣ - Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон  самимона таҳният гуфта, ба Шумо сарбаландӣ, саодатмандӣ ва тамоми хушиҳои зиндагониро таманно дорем..

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru