ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз802
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3174
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта802
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта22184
mod_vvisit_counterҲамин моҳ87248
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта62662
mod_vvisit_counterҲамагӣ1522282

Рӯзи Модар муборак

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Дар шаҳри Ҳисор бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии шаҳрӣ бо иштироки раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода, занону бонувон ва донишҷӯдухтарон баргузор гардид.

Шарифҷон Ҷумъазода шаҳрдори Ҳисор дар сухани табрикотии худ зикри он дошт; «Модарону бонувони шаҳр бо самимият, дӯстдории диёру аҳли пайвандон ва иффату шарофат бо дили саршор аз меҳру садоқат азизу маҳбуби аҳли ҷомеа гардида, чун созандагони ояндаи неки давлат ва ҷомеа фарзандонро дар рӯҳияи маърифати хуби инсонӣ ва дӯстдории Ватану муқаддасоти он ба камол мерасонанд. Бо ифодаи дигар қалби модарон ҳаммаром бо ҳастии Ватан ва таъмини оромию сулҳу ваҳдат ва шукуфоии он метапад, ки аз бузургию соҳибмақомии модарони арҷманди мо гувоҳӣ медиҳад.

Бигзор бо шарофати дасти дуо, олами тафаккуру хирад офтоби муҳаббати модарони тоҷик бо нури садоқату рафоқати гарми худ фазои зиндагии моро дучанд равшан, меҳрубон ва саршор аз шодиву армон нигоҳдор бошад.”

Баъдан чанд нафар аз собиқадорони меҳнату пешсафони истеҳсолот бо Сипоснома ва мукфотҳои молию пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадршиносӣ гардиданд. Ҳамчунин ба ҳафсад нафар иштирокчиёни чорабинц китобҳои “Насиҳатнома”-и Кайковус ва “Гулистон”-и Саъдӣ тақдим карда шуд. Барномаи консертии аҳли ҳунари шаҳр аз ҷониби ҳозирин хуб пазироӣ гардид.

Рӯзи Модар-ҷашни шинохти ҳастии инсон ва шамси нурбахши зиндагӣ муборак.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru