ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз891
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3174
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта891
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта22184
mod_vvisit_counterҲамин моҳ87337
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта62662
mod_vvisit_counterҲамагӣ1522371

ТАБРИКИ Раиси шаҳр бахшида ба Рӯзи Модар

http://www.zoofirma.ru/

Модарон ва хоҳарони арҷманд!

Ба муносибати Рӯзи Модар, ки аз омадани зеботарин фасли табиат - баҳори нозанин башорати неку саодатмандӣ медиҳад, самимона таҳният гуфта, бароятон бахту иқболи бардавом, саодати ҳамешагӣ, хушиҳои рӯзгор ва нишоти умрро таманно менамоям.

Ба оғози фасли зебои сол рост омадани иди модарону бонувони азиз рамзи шукуфоӣ ва маҳзари зебоӣ буда, нишоне аз файзу таровати ҷовидонии модарон аст.

Воқеан, сиришти модарон аз покиву зебоӣ, сидқу вафо, рисолати офарандагӣ ва созандагӣ бунёд гардидааст ва ба ибораи дигар дунё дар домони биҳиштии модар парвариш меёбад.

Боиси ифтихор аст, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири эҳёи яке аз қадимтарин ҷашнвораҳои миллати мо ва гиромидошти занону модарон дар айёми баҳору эҳёшавии табиат -  Рӯзи Модар дар сатҳи баланд таҷлил мегардад. Таҷлили сазовори ин рӯзи муборак рисолати ҷомеаро дар муносибат ба эҳтироми модарону хоҳарони арҷманд таъкид намуда, гувоҳи эътибору манзалати волои бонувон дар ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Таърих гувоҳ аст, тамоми хирадмандону гузаштагон пеш аз оғози корнамоиҳои бузург аз модар дуо мегирифтанд. Имрӯз ҳам дуои модар барои мо фатҳу кушоиш аст. Ӯ сарчашмаи  меҳру шафқат, поягузори рӯзгори босаодат, равшангари зиндагӣ ва идомабахши ҳаёти башарист. Ҳамчунин зиндагӣ  собит месозад, ки ҳар ҷое, ки занону модарон фаъолият доранд, он ҷой обод буда, меҳру самимият ва муносибати неку инсондӯстӣ пойдору устувор аст.

Ҳамшаҳриёни азиз,

Дар  иҷрои рисолати модарона ба модарону бонувони шаҳри Ҳисор барори кор хоста, бори дигар фарорасии ин санаи фархундаро бароятон таҳният мегӯям ва орзуманди он ҳастам, ки рӯзгоратон чун ин фурсатҳои сабзи оғози баҳори нозанин шукуфову гулафшон ва зиндагониатон лабрези нури ишқу ихлосу иродат бошад.

Ид муборак, модарони азиз!

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru