ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз406
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3180
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта3586
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта28185
mod_vvisit_counterҲамин моҳ3586
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта110349
mod_vvisit_counterҲамагӣ1755674

Чакомаи гесу

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо мақсади татбиқи сиёсати давлат дар ҷодаи дастгирии занон ва духтарон, қадршиносӣ аз саҳми арзандаи онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ, таъмини фаъолнокии минбаъдаи онҳо, таҳкими нақш ва мақоми зан дар ҷомеа, тарғиби либоси миллӣ, ҳунарҳои ороишию машшотагӣ ва иҷроиши нақшаи “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020” дар тамоми шаҳру ноҳияҳо байни ҷавондухтарон Фестивал-озмуни  “Чакомаи гесў”  роҳандозӣ гардидаст.

Дар толори Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор бо иштироки донишҷўдухтарон аз коллеҷҳои тиббӣ, омўзгорӣ, муассисаҳои таълимӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот чорабинии бошукўҳи фарҳангӣ баргузор гардид.

Фестивал-озмуни  “Чакомаи гесў” аз се бахш иборат буд:

- Бахши аввал-ороиш ва мўйбофии қадима буда, ҳунари волои машшотаҳо дар доираи расму оинҳои миллӣ, чун саршўёну арўсбаророн, майдабофӣ, зулфандозӣ, ҷамолакбандӣ, майдабофию панҷак, пилта, улама, силсила бо либосҳои хоси маҳал ба намоиш гузошта шуд.

- Бахши дуюм-ба олами зебои афсонавӣ шабоҳат дошта, малоҳату тароват ва зебоии мўй ба таври бадеӣ, дар асоси афсонаю ривоятҳо намоиш дода шуданд, ба монанди Робияи чилгазамўй:

- Бахши сеюм, ки фарогири ороиши мўй ва либоси замонавии муосир буд, дар он тарзи замонавии ороиши мўй дар омезиш бо тарзи қадимӣ нишон дода шуд. Дар ин бахш ба ороиши зебогии мўйи кўдакон эътибори хоса дода шуд. Бояд тазаккур дод, ки қисмати кўдакона дар ҳар се бахш рўйи саҳна меомад.

Ҳунармандон  дар навбати худ бо пешниҳоди суруду таронаҳои ҷаззобу шўх табъи латифи ширкаткунандагонро болида гардонданд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru