ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз96
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3180
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта3276
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта28185
mod_vvisit_counterҲамин моҳ3276
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта110349
mod_vvisit_counterҲамагӣ1755364

Ҳисоро ифтихори ман ту ҳасти

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 9
  • Минбаъда

Санаи 2 апрел бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Исматуллозода Ширин ва раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот якчанд иншооти ҳаётан муҳим, ки тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардиданд, мавриди истифода қарор гирифт.

Дар оғоз муовини Сарвазири мамлакат Исматуллозода Ширин ва раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон ба муассисисаи томактабии №7-и шаҳраки Ҳисор ташриф оварда, бинои иловагии боғчаи мазкурро, ки   бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, аҳолӣ ва соҳибкорони шаҳр барои 120 кӯдак бунёд гардида, бо кат, болишту бистар, зарф, маводи таълимӣ, аёнияту бозича ва саҳни он бо айвонча, майдончаи бозии кӯдакон, дарахтони ҳамешасабз ва гулҳои ороишӣ таъмин гардидааст, ифтитоҳ бахшиданд.

Пешвоз, омодагии кӯдакон ва посух ба саволҳои баёнгардида, аз он шаҳодат медод, ки наврасони ин маҳал аз бунёди чунин боргоҳи таълиму тарбия хурсанду шодмон буданду аҳли маҳала ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иқдоми созандаву бунёдкорона изҳори сипосу эҳтиром доштанд.

Бояд тазаккур дод, ки  бо ифтитоҳи бинои мазкур дар маҷмӯъ 170 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд.

Ҳамчунин 4 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти умумии асосии №87 аз ҷониби аҳолии деҳаи Ҳуснобод, ба маблағи 450 ҳазор сомонӣ   бунёд гардида, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо мизу курсии хонандагону омӯзгорон, ҷевон, тахтаи синф хардидорӣ шудааст, мавриди истифода қарор гирифт.

Бо ба истифода додани синфхонаҳои иловагӣ 224 нафар хонанда дар ду баст ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд.

Дар деҳаи Гулхании Ҷамоати деҳоти Ҳисор майдончаи варзишии замонавӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Олимов Зоҳирҷон  бо истифода аз усулҳои замонавӣ ба маблағи зиёда аз 200 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, 3 нафар шаҳрвандони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маош таъмин гардиданд.

Дар деҳаи Ҷорубсой аз ҷониби сокини маҳалла   Азизова Ойбибӣ ба маблағи 250 ҳазорсомонӣ бунгоҳи тиббӣ ва дорухона бунёд гарид, ки  5 нафар мутахассисони  бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд. Бунгоҳи мазкур ба аҳолии деҳаи Ҷорубсой хизмати тиббӣ мерасонад.

Дар деҳаи Даҳбеди Ҷамаати деҳоти Мирзо Турсунзода, аз ҷониби аҳолии деҳа ба маблағи зиёда аз 450 ҳазор сомонӣ чоҳи амудӣ сохта шуда, 500 хоҷагӣ бо оби нӯшокӣ таъмин карда шуд.

Мағозаи фурӯши молҳои ниёзи мардум дар деҳаи Равшандилон аз ҳисоби сокини деҳа Ҷамол Маҳмад ва Сунатуллои Раҳматулло ба маблағи 321 ҳазор сомонӣ бо таъсиси 4 ҷои корӣ ва бунгоҳи тиббӣ ба маблағи 150 ҳазорсомонӣ бо таъсиси 5 ҷои корӣ  ва  таҷҳизоти замонавӣ таъмин ифтитоҳ карда шуд.

Дар деҳаи Зиракии Ҷамоати деҳоти Алмосӣ аз ҷониби соҳибкор Нураллиев Зайниддин 4 синфхонаи иловагӣ  бо таъсиси 100 ҷои нишаст дар як баст ба маблағи 250 000 сомонӣ бунёд гардид.

Ба муассисаи мазкур низ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мизу курсӣ, тахта ва ҷевон хардорӣ шуд.

Ҳангоми ифтитоҳ ва мулоқот бо сокинону кормандон, таълимгирандагону омӯзгорон муовини Сарвазири мамлакат Исматуллозода Ширин ва раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода муҳимияти корҳои созандагиро бахшида ба ин ҷашни таърихӣ шарҳу баён намуда, даъват бар он доштанд, ки сокинон дар ободию пешрафти муҳити зист бояд бештар саҳмгузор бошанд.

Бояд зикр намуд, ки дар шаҳри Ҳисор бахшида  ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 767 иншоот ба нақша гирифта шуда, дар арафаи иди Наврӯз 57 иншоот ва дар маҷмӯъ 261 иншоот мардиди истифода қарор гирифт.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои боқимонда идома дорад.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru