ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1537
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3462
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта4999
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта24166
mod_vvisit_counterҲамин моҳ43279
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта106075
mod_vvisit_counterҲамагӣ1901442

Конференсияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва Эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор

http://www.zoofirma.ru/

26 июни соли равон дар толори Осорхонаи таърихӣ – кишваршиносӣ бо иштироки муовини Раиси шаҳри Ҳисор, масъулони шуъбаю бахшҳои маыомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, аъзоёни Шурои шаҳрӣ ва Шурои куҳансолони Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва Эҳёи Тоҷикистон, вакилон аз ташкилотҳои ибтидоии Ҳаракат, корхонаву муассиса, ҳизбҳои сиёсӣ, ҷамъиятҳои этникии шаҳр, бахшида ба 23 солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ зери унвони «Ваҳдат – сутуни истиылолият ва баыои миллат» конференсияи омўзишӣ баргузор гардид.

Дар кори конференсия мавзўҳои «Таҳкими низоми дунявии ҷомеа омили рушди ҷомеа» ва «Ҳимояи амнияти давлатӣ ва роҳҳои муассири ҷавоб гуфтан ба щаразҳои раыибони давлату Ҳукумати Тоҷикистон» мавриди таҳлилу баррасии иштирокчиёни конференсия гардид.

Вакилон ва намояндагони Шурои куҳансолон, бахшҳои ҷавонон ва варзиш, дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, шуъбаи маорифи шаҳр оид ба мавзўҳои матраҳшуда андешаҳои худро баён дошта, хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар барыарории сулҳу ваҳдат, рушду нумўи кишвар дар солҳои соҳибистиылолӣ беназир хонданд.

Зикр гардид, ки нафаронеро, ки ба воситаи шабакаҳои интернетӣ ба хотири маблащҳои ночизи хоҷагонашон ахбороти щаразноки душманона паҳн менамоянд касе эътироф намекунад ва дар ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон обрў надоранд. Баромадкунандагон санг андохтан ҷониби давлату миллати худро аз ҷониби ин гурўҳҳо амали ноҷавонмардона хонда, баҳсу мунозираи аз доираи одобу ахлоы беруни ватанфурўшони беватанро маҳкум намуданд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru