Аз қурбонӣ то қаҳрамонӣ

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Дар шикасти фашизми гитлерӣ дар баробари дигар халқу миллатҳо нақши тоҷикон низ назаррас буда, қаҳрамонии онҳо дар майдони муҳорибаҳо ва ақибгоҳ бемислу монанд аст. Ҳанӯз дар рӯзҳои аввали ҷанг дивизияи 20 - уми кӯҳӣ - саворӣ аз шаҳри Душанбе ба Маскав фиристода шуд.

Аз миёни фарзандони Тоҷикистон, ки дар майдони ҷанг аз худ қаҳрамонию шуҷоат нишон додаанд, 54 нафар бо унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонда шудаанд. Аз ҷумла, дар набарди шаҳри Курск, ки дар таърих бо номи Камонаки Курск ёд мешавад, Ҳодӣ Кенҷаев ба ин унвони олӣ соҳиб шуд. Тӯйчӣ Эрйигитов, ки бо синаи худ даҳони амбразураи душманро пӯшида, бар ивази ҷони худ роҳи пешравии қӯшунҳоро таъмин карда буд, сазовори унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гашт.

Пас аз фавти фармондеҳи ротаи 229 - и миномётии Фронти Марказӣ дар Украина роҳбарии ротаро сержант Ҳайдар Қосимов ба зимма гирифт ва аввалин шуда, аз дарёи Припят гузашт. Дар ин амалиёт садҳо фашист нобуд ва яроқу лавозимоти ҷангии онҳо мусодира гардид. Фармондеҳи полки 229 Шишков ва сарфармондеҳи Фронти Украина генерал Рокоссовский ин ҷонфидоӣ ва диловарии Ҳайдар Қосимовро қаҳрамонии бемисл маънидод карда, ӯро ба гирифтани унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ пешниҳод намуданд.

Беш аз 300 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои мубориза бар зидди фашизми гитлерӣ иштирок намуда, ҷоннисорӣ намудаанд. Зиёда аз 50 ҳазори онҳо бо ордену медалҳои гуногун мукофотонида шуда, 92 ҳазор дар ҷанг ҳалок гардиданд. Дар  ақибгоҳ ба хотири ғалабаи мардуми шӯравӣ бар фашизм дар саҳро ва заводу фабрикаҳо занону мардон ва ҳатто кӯдакон бе рӯзи истироҳат кор карда, ғалабаро таъмин менамуданд. Тибқи тадқиқоте, ки Роҳат Набиева, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, анҷом додааст, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 32 ҳазор бонуи Тоҷикистон ширкат варзидааст. Аз ин теъдод 350 нафар снайперчӣ, 1420 нафар автоматчӣ, 435 нафар телеграфист, 3750 нафар телефонист ва 4195 нафари онҳо тирандоз будаанд.

Дар солҳои ҷанг бо меҳнати шабонарӯзии мардум дар Тоҷикистон  истеҳсоли ангишт 244 ҳазор тоннаро ташкил медод, ки нисбат ба соли 1940 - ум 40 ҳазор тонна зиёд, истеҳсоли матоъҳои пахтагӣ аз 200 ҳазор метр дар соли 1945 то 3 миллион метр зиёд гардид. Истеҳсоли пахта 178 ҳазор тонна ва нахи пахта 770 тоннаро ташкил дода, чандин миллион метр матои шоҳӣ ва даҳҳо тонна маҳсулоти гуногун дар ҷумҳурӣ истеҳсол гардиданд. Аз  соли 1941 то соли 1946 дар Тоҷикистон беш аз 20 корхона ва сех ба фаъ-олият шурӯъ намуд. Маҳз дар ҳамин давра аз ҷониби колхозу совхозҳо 1,5 миллион пуд ва аҳолӣ 65 ҳазор пуд ғалла барои фронт супурда шуд. Сокинони Тоҷикистон дар солҳои ҷанг барои истеҳсоли танк бо номи “Колхозчии Тоҷикистон” 84 миллион рубл ва барои истеҳсоли авиаэскадрилияи “Тоҷикистони Советӣ” 35 миллион рубл ба хазинаи давлат ворид намуда буданд.

Махсусан, замони дар муҳосираи фашистон қарор доштани шаҳри Ленинград бо роҳи пинҳонии «Роҳи ҳаёт» - и кӯли Ладога аз Тоҷикистон ба ин шаҳр марсулка (посилка) ва 151 вагон маҳсулоти ғизоӣ фиристода шудааст. Дар ҳамон солҳои вазнин мардуми Ленинград дар ҷавоб ба дастгирии сокинони мамлакат китобҳои дарсӣ ва бадеиро ба забони тоҷикӣ нашр ва ба Тоҷикистон интиқол дода буданд.

Бояд таъкид намуд, ки мардуми шӯравӣ на танҳо бо яроқ, балки бо сухан низ ба муқобили фашизми истилогар меҷангиданд. Маҳз ҳамин якдилию баробарӣ ва дӯстию ҳамдигарфаҳмии халқҳои гуногуни шӯравӣ барои шикасти Олмони фашистӣ замина гузошт. Дар рӯзҳои аввали ҷанг дар ҷамъомади нависандагон эълон дошта буданд, ки ҳар як нависандаи шӯравӣ омода аст неру, таҷриба,  истеъдод ва хуни худро, агар зарур бошад, барои кори хайр ва ҷанги мардумӣ ба муқобили душмани Ватани азизи худ медиҳад. Дар давраи ҷанг ду ҳазор шоиру нависандаи миллату халқиятҳои гуногун ба ҷабҳа рафта, чорсад нафараш барнагашт. Аз ҷумла, шоирону нависандагон ва муҳаққиқоне дар мисоли Ҳаким Карим, Ҳабиб Юсуфӣ, Лутфулло Бузургзода ва Абдушукур Пирмуҳаммадзода аз Тоҷикистон дар майдони набард бо фашизми гитлерӣ қурбон шуданд.

Адабиёти тоҷик, ки тӯли ҳазорсолаҳо саршор аз нигоштаҳои зиддиҷангӣ буд, дар солҳои ҷанг бо диди нав вориди адабиёти ҷаҳонӣ гардид. Асарҳои насрии устод Садриддин Айнӣ “Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик” ва “Исёни Муқаннаъ”, шеъру достонҳои Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Ҳабиб Юсуфӣ, Боқӣ Раҳимзода, Муҳиддин Аминзода, Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, Абдусалом Деҳотӣ, асарҳои насрии Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Фотеҳ Ниёзӣ ва Раҳим Ҷалил дар кушодани симои душмани бадтинати инсоният нақши муҳим гузоштанд.

 

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru