ҳамоиши китобдўстон

http://www.zoofirma.ru/

Ҳамасола ҳафтаи аввали моҳи апрел дар сар то сари мамлакат фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад.  Ба ин муносибат дар китобхонаи марказии шаҳри Ҳисор  дар ҳошияи ҷашни 20 -солагии Ваҳдати миллӣ чорабинии пуршукўҳ доир гардид. Дар он  меҳмонони фахрӣ, намояндагони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, адибону шоирони адабиёти бачагона ва китобдӯстону шогирдони фаъоли муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд. Дар саҳни бинои китобхона намоишгоҳи китоби бачагона, китобҳои тозаэҷоди адибон, маҳсули ҳунари шогирдони маркази санъат ва эҷодии кӯдакон, шуъбаи рассомии мактаби санъати ба номи Саид Ҳамроеви шаҳр ба маърази тамошо гузошта шуда буд.  Масъулини Бахши фарҳанги шаҳри Ҳисор ба ҳамоиши фарҳангӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида меҳмононро хайрамақдам гуфт.

Адиби шинохта Насим Раҷаб, сармуҳаррири маҷаллаи «Чашма» Халифабобо Ҷумъазода, шоирони маҳбуби бачаҳо Раҳмон Бобо, Ҷумъаи Мирзо, адибони ҳисорӣ Султонмуроди Одина, Салоҳиддини Садр ва Мардонқули Ашур (Мутриб) бо китобдӯстону хонандагони наврас суҳбати гарму самимӣ ороста, аз эҷодиёти худ ва дигар адибони шинохта намунаҳои назмию насрӣ қироат намуданд. Масъулини соҳа масъалаҳои ҳалаталаби соҳа таваҷҷуҳ намуда баён доштанд, ки дар ҷумҳурӣ 1355 китобхона ба қайд гирифта шуда, 76-тои онро китобхонаҳои бачагона ташкил медиҳанд. Айни замон теъдоди кӯдакону наврасон дар ҷумҳурӣ то се миллион нафар буда теъдоди нашри китобҳои бачагона ба ин шумораи оморӣ мувофиқат намекунад. Пешниҳод гардид, ки шумораи китобҳои пурмазмун ва маҷаллаҳои ба синну соли наврасон мувофиқ зиёд карда шаванд.

Адибон Насим Раҷаб, Раҳмон Бобо ва Салоҳиддини Садр аз моҳияти мутолиаи китобу китобдўстдорӣ ва доро будан ба беҳтарин ва накўтарин хислатҳои сутудаю шоистаи инсонӣ изҳори андеша намуда, аҳамияти таърихии Истиқлолияти давлатӣ, сиёсати хирадмандонаву бунёдгузор ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши сулҳу Ваҳдати миллиро дар амну осоиштагӣ ва пешрафту тараққиёти кишвари азизамон шарҳу тавзеҳ доданд. Адибон  чанде аз номгӯи асарҳои беҳтарини худро ба китобхона тақдим намуданд. Барномаи консертии  ҳаваскорони наврас ба ҳусни фестивал шукўҳи хоса ато намуд.

Дар фарҷом ба беҳтарин китобхону рассом, фаъолони чорабинӣ ва адибону шоирони ҳузурдошта Сипосномаю туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru