Созандагони Ватан

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

«Мо ба ҷавонони бонангу номуси худ ва ба эҳсоси гарми ватандўстии онҳо боварии бузург дорем, бо онҳо ифтихор мекунем, зеро онҳо воқеан ояндаи неки Ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти созандаи мо ҳастанд»- иброз доштанд, дар яке аз суханрониҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ва такя ба ин эътиқод Пешвои миллат соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон доштанд ва дар ин замина Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Ҳисор бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор   дар арафаи таҷлили Рўзи ҷавонони кишвар “Рўзҳои “Созандагони Ватан” дар шаҳр баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Наимов Маҳмадулло – мудири шуъбаи таблиғот ва таҳлилии Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ ва Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ – раиси ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Баъдан аз вазифаи роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Ҳисор Аминов Шуҳрат бо сабабаби ба кори дигар гузаштанаш озод ва Шарипов Комилҷон ба ин вазифа интихоб гардида ҳайъати Шўрои бахши намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Ҳисор тасдиқ карда шуд.

Дар фарҷом ба аъзоёни ҷавони ҲХДТ билети ҳизбӣ ва ба фаъолони созмони мазкур тӯҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим гардид.

 

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru