Ҳамоиши иштирокчиёни садамаи Чернобел

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Имсол ба садамаи нерўгоҳи атомии Чернобил 31 сол сипарӣ шуд ва бахшида ба ин сана дар таърихи 19 майи соли 2017 дар Китобхонаи марказии шаҳри Ҳисор чорабинӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Ҳакимов Фаридун Ҳалимович – Раиси шўрои иттифоқи чернобилчиёни ҷумҳурӣ, Атабоев Тўйчӣ Эргашевич –Раиси ҷамъияти иттифоқи чернобилчиёни ҷумҳурӣ, Одинаев Валӣ – муовини раиси иттифоқи чернобилчиёни ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

Иштирокчиёни чорабинии мазкур бар он ақидаанд, ки дар он рӯзҳои мудҳиш тамоми халқҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ новобаста аз миллат, вазифа ва касбу кор барои бартарафсозии оқибатҳои ин садамаи мудҳиш фаъолона иштрок намуданд.

Дар бартарафкунии оқибатҳои садамаи Чернобил аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чун дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ зиёда аз 4500 нафар шаҳрвандон иштирок доштанд.

Аз шаҳри Ҳисор 52 нафар ҷавонписарон иштирок намуда, нангу номуси ватандории худро исбот карданд, ки аз онҳо айни замон 47 нафар дар қайди ҳаёт буда, 34 нафарашон маъюбони гурўҳи дуюм ва 3-юм мебошанд. Аз оқибатҳои даҳшатовари садама дар тӯли 31 сол ҳазорҳо нафар одамон вафот карданд.

Зиндагонӣ ва корнамоии онҳоро метавон бе муболиға ба корнамоиҳои падару бобоёнамон дар солҳои ҷанг баробар кард.

Дар ҷамъомад як зумра иштирокчиёни фоҷиаи Чернобил бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ карда шуданд.  Инчунин, ба аъзоён ва оилаҳои фавтидаи ҷамъияти мазкур кўмакҳои молиявӣ дастрас гардид.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru