Эмомалӣ МАҶИДОВ: “Саломатии мардум – боигарии мардум”

http://www.zoofirma.ru/

Соле, ки сипарӣ гашт, барои кормандони соҳаи тандурустӣ соли нек, бобарор ва пур аз дастовардҳо буд. Туфайли заҳмати шабонарӯзии фидокориву садоқат нисбат ба пешаи интихобнамудаашон кормандони соҳаи тиб ба як қатор комёбиҳо ноил гаштанд.

Дар муассисаҳои тандурустӣ барои расондани  ёрии статсионарӣ ба аҳолӣ 710 кат мавҷуд буда, 1091 нафар табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ дар хизмати аҳолӣ қарор доранд. Муассисаҳои тиббӣ сол то сол бо асбобҳои муосири табобатӣ, таҷҳизоти замонавӣ беҳтару хубтар таъмин мегарданд. Аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 адад номгӯи таҷҳизоти тиббӣ, аз қабили оксигенератор, насоси инфузионӣ, асбоби гармкунӣ, ларингоскоп, оксиметр, кондинсионер дастрас гардид.

Дар шуъбаи эҳёи  кӯдакона, ҳуҷраи навзодони шуъбаи таваллудхонаи  беморхонаи рақами 1 хати оксиген гузаронида бо 1 автоклави буѓӣ васл гардид. Дар назди беморхонаи марказӣ 3 ҳуҷра  таъмир гардида, 4 адад автоклави буѓӣ васл, обпартови беморхонаи рақами 1  барқарор  карда шуданд.

Дар доираи омодагиҳо ба мавсими зимистони соли 2016-2017 низ як қатор чораҳои зарурӣ андешида шуданд. Гармидиҳии беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор мутамарказонида шуда,  бо гармӣ пурра таъмин карда шуд. Дар беморхонаҳои сохтори госпиталии шаҳр 87 тонна ангишт, 30 метри квадратӣ ҳезум, 510 литр сӯзишвории дизелӣ барои генераторҳои  барқдиҳанда, 11750 киллограмм маҳсулоти кишоварзӣ, 1400 киллограмм дигар намуди маҳсулоти ѓизоӣ захира карда шуд.

Дар соли нав ташкил намудани ташхисгоҳи биокимиёвӣ ва ҳуҷраҳои ташхиси ултрасадои шабонарӯзӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз сабаби зиёд шудани аҳолии шаҳр дар асоси Барномаҳои миллии давлатӣ ба нақша гирифта шудааст, ки шуъбаҳои бемориҳои дил, ѓадудҳои дарунӣ ва ҷарроҳии кӯдакона ташкил карда шавад.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки:  «Дар баробари ин, зарурати беҳтар намудани сифати неруи кадрии соҳа, таъсиси низоми самараноки таҳсилоти тиббӣ бо дарназардошти ҳавасмандсозии кормандони соҳа, беҳтар кардани вазъи бунгоҳу марказҳои саломатӣ ва бемористонҳо дар як қатор ноҳияҳо ва деҳоти дурдаст, азхудкунии технологияҳои муосири тиббӣ, инчунин, баланд бардоштани одоби муоширати кормандони соҳа аз ҷумлаи мушкилоти ҳалталаб мебошанд».

Ин таъкиди Сарвари давлат мо, кормандони соҳаи тандурустиро вазифадор менамояд, ки баҳри баланд бардоштани сифати хизмати тиббӣ ба аҳолӣ аз пештара дида беҳтару хубтар фаъолият намоем.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, кормандони соҳаи тандурустӣ ва кулли мардуми Ҳисори Шодмонро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрику таҳният намуда, ба онҳо тансиҳатию дарозумрӣ, хонаободиву сарбаландӣ таманно менамоям.

Эмомалӣ МАҶИДОВ,

сартабиби беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор

 

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru