Табрикоти Раиси шаҳри Ҳисор ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ

http://www.zoofirma.ru/

Ҳамдиёрони азиз!

Дар таърихи ҳар миллату давлат воқеаву рӯйдодҳои нодире нақш бастаанд, ки маърифату омӯзиши онҳо барои насли имрўзу фардо чун сабақи раҳнамояда нақши муассир гузошта, баҳри шинохти асолати миллӣ, баҳамоиву худогоҳӣ сарчашмаи боэътимод хидмат хоҳад намуд. Таҷлили Рӯзи Парчами давлатиро, ки ба Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон пайванд мегирад, метавон дар шумори чунин рӯйдодҳои беназир қарор дод, ки ба таъмини ҳастии давлат, пойдории сулҳу ваҳдат ва пиёдасозии накӯтарин ормонҳои миллӣ рӯйдоди наҷиб ва фардофар мусоидат менамояд.

Рӯзи Парчами давлатӣ амсоли ҷашнҳои нави миллӣ – Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ, Рӯзи Конститутсия ва Рӯзи забони давлатӣ барои сокинони Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳрвандони шаҳри Ҳисор рӯзи фаромӯшнопазир ва сарчашмаи ифтихору сарфарозӣ аз сиёсати тамаддунпарвари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад

Эътибору шарафи миллату давлати тозабунёди тоҷикон аз сарфарозию парафшонии Парчами давлатӣ сарчашма гирифта, барои ҳар сокини дилогоҳу ватандӯст он як нишони муқаддас мебошад.

Имрӯз бо итминон метавон гуфт, ки сокинони Тоҷикистони азиз бо раҳнамоии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зери Парчами давлатии худ манфиатҳои умумимиллиро ҳифз намуда, истиқлолияти давлатӣ, якпорчагии Ватан, ягонагии забону фарҳанг, муносибатҳои пешрафтаи ҷамъиятӣ, сулҳу суботро чун гавҳари чашм муқаддас дониста, дар фазои орому осуда кору фаъолият доранд. Баргузории тантанаҳои бузург ба ифтихори 25 - солагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон, мавриди истифода қарор гирифтани якчанд иншооти аз лиҳози иқтисодӣ муқтадир, идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ, суханрониҳои пурмӯҳтавою эътимодбахши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қудрату ҳастии сокинони Тоҷикистон дар роҳи ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таъмини якпорчагии кишвари азизи мо шаҳодат аз он дорад, ки ки кишвари азизи мо имрўз зери парфишониҳои Парчами миллӣ аз баракоти ин ҳидоятномаҳо ба сӯи музаффариятҳои нав ба нав ва ба самти корномаҳои созандагии дигар қадам мегузорад.

Дар ин рӯзҳои фараҳбахш, ки дар канори таҷлили 25 солагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон Рўзи Парчами миллиро мардуми шарафманди тоҷик бо рўҳияи баланд таҷлил менамоянд, сокинони сарбаланди шаҳри Ҳисорро бо фарорасии ин ҷашни бузурги миллӣ самимона табрику таҳният гуфта, ба мардуми сарбаланду заҳматқарини ин диёри сарсабзу хуррам шукўҳи сулҳу ваҳдати ҷовидонӣ, рӯзгори орому осуда, зафарҳои нав ба нав ва дастовардҳои беназирро дар рўзгор ва анҷоми корномаҳои меҳнатӣ таманно дорам.

Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru