Парафшон бод, парчамат Тоҷикистон!

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 7
  • Минбаъда

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ аз идҳои муқаддасест, ки бо шарофати сиёсати ватандӯстонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омада, он ҳар сол дар санаи 24 ноябр чун рӯзи худшиносию ватандорӣ ва ифтихор аз таърихи гузаштаву муосири миллати тамаддунофари тоҷик ҷашн гирифта мешавад.

Дар шаҳри Ҳисор бахшида ба ин рӯзи муборак чорабинии ҷашнӣ дар сатҳи баланди маънавию ташкилӣ баргузор гардид. Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода сокинони шаҳрро бо ин ҷашни худогоҳию ватандорӣ муборакбод гуфта, дар суханронии худ баён дошт: «Таърихи навини давлатдориамон ишора бар он дорад, ки эътибору шарафи миллату давлати тозабунёди тоҷикон аз сарфарозию парафшонии Парчами давлатӣ сарчашма гирифта, барои ҳар сокини дилогоҳу ватандӯст он чун нишони муқаддас шоистаи эҳтирому арҷгузорӣ мебошад.

Чунонки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зикр намуданд, Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷомеаро ба сӯи ҳадафҳои бузург ва наҷиб сарҷамъ ҳидоятгар аст. Он нишони соҳибдавлатӣ, озодӣ ва шукуфоии рӯзи фардои кишвар буда, моро ба муттаҳидиву ягонагӣ даъват мекунад ва бо итминон метавон гуфт, ки дар роҳи татбиқи сиёсати оламгиру тамаддунофари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро нусрату музаффарият ва сарфарозии Парчами давлатӣ бештару афзунтар насиб хоҳад гашт.»

Барномаи таҳиякардаи ҳунармандони Ҷамоати шаҳраки Ҳисор манзури аҳли нишаст гардид, ки фарогири шеъру суруд ва рақсу оҳангҳои ифтихорӣ аз ҳастии Парчами давлатӣ ва Тоҷикистон буд.

Мукарраран сокинони шаҳрро бо Рӯзи Парчами давлатӣ таҳният гуфта, таманнои он дорем, ки бигзор, парчами халқи тоҷик, нишони фатҳу нусрати миллат то абад парафшон бошад!

Рӯзи Парчами давлатӣ – рамзи иқболу хушбахтӣ, иттиҳоду якдилӣ ва бахту саодат муборак ҳамшаҳриёни азиз!

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru