Идомаи умр

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Бо мақсади бузургдошт ва ёди хотираи нек, амалҳои шоистаи таҳсину ибрати шодравон Аловиддинов Ӯроқ Азимович имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки ҳамкорону шогирдон, пайвандону фарзандон, аҳли зиё ва ихлосмандони ин инсони наҷиб маҳфили ёдбуд баргузор гардид.
Чорабиниро раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода ифтитоҳ бахшида, дар суханронии худ зикри он дошт;
«Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо дастгирию раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадршиносӣ ва эҳтироми симоҳои барҷастаи таърихӣ, ходимони сиёсиву давлатӣ ва фарзандони фарзонаи миллат ба як самти муҳими фаъолият табдил ёфта, гувоҳӣ аз он дорад, ки иҷрои ин амалҳои нек дар роҳи худшиносиву худогоҳии миллӣ метавонад, моро ба рӯзи фардои саршор аз фараҳу ифтихор раҳнамо бошад.
Таърихи ҳар давлату миллат бо фаъолияти кории шахсиятҳои хирадманду доно, олиму донишманд, сарварону сиёсатмадорон, кишоварзону саркорони оқилу тавоно, ки барои халқу Ватан хизмати арзандаю назаррас кардаанд, бою рангин аст. Дар замони Истиқлолияти кишвар мардуми мо бо бузургони худ ифтихор мекунанд, ки дар байни онҳо ҷои шодравон Аловиддинов Ӯроқ Азимович махсус аст.
Мавсуф дар баробари анҷоми корҳои бунёдкориву ободкорӣ аз худ мактаби шоистаи роҳбарӣ, хоҷагидориву омӯзгориро мерос гузоштааст, ки дар замони мо чун манбаи муҳими омӯзиш ва ноил шудан ба дастовардҳои назаррраси меҳнатӣ хизмати арзанда дорад.
Боиси хушнудист, ки ба мақсади гиромидошти руҳи поку бегазанди устод бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, дархости сокинон дар маркази шаҳр кўчаи собиқ 60-солагии Ҳисор ба номи фарзанди шоистаи диёр Аловиддинов Ӯроқ Азимович номгузорӣ карда шуд ва лавҳаи хотиравие дар даромадгоҳи он насб гардид.
Ин воқеаи фараҳбахш изҳори муҳаббату садоқати мардуми сарбаланди шаҳри Ҳисор нисбат ба фарзанди фидоии диёр - шодравон Аловиддинов Ӯроқ Азимович мебошад ва мо боварии комил дорем, сокинони шаҳр мактаби роҳбарию диёрдории ин инсони наҷибро идома дода, шаҳрро дучанд ба як гӯшаи ободу зебо ва пешрафт табдил медиҳанд.»
Дар маҳфил ҳамкорону шогирдон Мирзоева Ҳусноро, Карим Қодиров, Мухтор Абдураҳмонов ва фарзандашон Аловиддинов Аброриддин сухан карда, хотираҳои худро оид ба фаъолияти ибратомӯзи Аловиддинов Ўроқ Азимович иброз намуданд.
Боварии комил дорем, иҷрои ин амал боиси он мегардад, ки сокинони шаҳр ва кӯчае, ки ба номи Аловиддинов Ўроқ Азимович номгузорӣ шудааст, бо ифтихор аз фаъолияти кории ин марди наҷиб кору фаъолият намуда, фарзандони худро дар рӯҳияи дӯстдории Ватан тарбия менамоянд ва ин маконро ба як гӯшаи обод, тозаву зебо ва ҳамешабаҳори шаҳр табдил хоҳад ёфт. Ҷовидон бод ному пайкори абармардони миллат.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru