Рўзҳои фарҳангии Хитой дар Ҳисор

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Бузургтарин дастоварди инсон фарҳанг буда, ин омили муҳимест, ки қавму миллат ва кишварҳоро ба ҳам мепайвандад ва равобити мамлакатҳоро равнақ бахшида, дар таҳкими риштаҳои дустӣ ва ҳамкориҳои бародарона нақши муҳим мебозад. Таи чанд рўз мешавад, ки аркестри созҳои мусиқии санъаткорони кишвари Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари ҳунарӣ доранду аз мавзеъҳои таърихии ин кишвари биҳиштосо дидан намудаанд. Хушбахтона имруз зиёда аз 60 нафар ҳунармандони санъати мусиқии Хитой ба шаҳри Ҳисор ташриф оварданд

Барои мо тоҷикон робитаҳои дустона ва мустаҳками абадӣ бо кишвари Хитой тақозои таърихӣ ва ҳам ба манфиатҳои мардуми ҳарду кишвар нигаронида шудааст. Аз ин лиҳоз, таҳлилу омўзиши муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистон бо кишвари Хитой дар замони имруза қадами дигаре барои боз ҳам мустаҳкам кардани  муносибатҳои  фарҳангӣ ва ривоҷёбии он мебошад.

Санъати мусиқии халқию касбӣ як қисми ҷудонашавандаи таркибии фарҳанги миллӣ буда, он дар тарбияи маънавию зебоипарастии мардум саҳми босазо дорад. Аз ин рў дастаи ҳунармандони созҳои мусиқии кишвари Хитой дар Қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор барномаи консертӣ ба таври васеъ барои 700 нафар сокинони шаҳри Ҳисор баргузор намуданд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru