Ҷашни ҳомиёни Ватан фархунда бод

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Дар замони соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат худро чун ҳомиёни воқеии кишвар ва амнияту оромии ҷомеа муаррифӣ намуда, бо нерӯи тавоно ва қудратманд рисолати касбии худро дар назди халқу Ватан иҷро менамоянд-иброз дошт дар вохӯрии худ бо афсарон ва сарбозони қисми ҳарбии 0124 раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода.

Воқеан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо ба қудрату ҷасорат ва истеъдоди ҷангии афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ баҳои баланд дода, таъкид бар он доранд, ки ифтихор ва дӯстдории Ватан ва эҳтироми обу хоки ин сарзамини ҳамешабаҳор бояд аслиҳаи эътимодбахши хизматчиёни ҳарбӣ бошад.

Баргузории мулоқот ва боздиди раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода аз он гувоҳӣ дошт, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, аз мактаби мардонагӣ мегузаранд ва ба қадри зиндагӣ, падару модар ва диёру Ватани маҳбуби худ бештар мерасанд. Бояд тазаккур дод, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз қодиранд, манфиатҳои давлати соҳибистиқлоламонро сарбаландона ҳимоя намоянд. Ҷузъу томҳои Артиши миллии мо дорои таҷрибаи бойи низомӣ буда, иштироки онҳо дар машқҳои ҷангӣ собит намуд, ки афсарону сарбозон ҷисману рӯҳан иродаи қавӣ дошта, матонату ҷасорати онҳо шоистаи тарғиб аст.

Раиси шаҳр пас аз мулоқот бо вазъи зиндагӣ, хобгоҳ ва таъминоти хӯрокаи сарбозон шинос шуда, барои самаранок истифода бурдани қитъаи замини дар ҳудуди қисми низомӣ мавҷуда, ба масъулон дастуру супориши судманд иброз дошт. Баъдан барои сарбозон дастархони идона густурда шуд ва барои чунин иқдом ҳайати шахсии қисми низомии мазкур ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори эҳтиром намуда, арзи он доштанд, ки минбаъд низ бо садоқату эътиқоди дучанд ба халқу Ватани худ хизмат хоҳанд кард.

Ҷовидон бод, ақидаҳои сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Фархунда бод ҷашни ҳомиёни Ватан!

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru