Ҳифзи Ватан- вазифаи муқаддас

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Санаи - 15 феврали соли равон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бахшида ба 29-солагии баровардани  Қушунҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Афғонистон мулоқоти раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода бо сарбозони башардӯст баргузор гардид.

Мулоқотро Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат Азамов Иномҷон ифтитоҳ бахшида, аз корнамоию ҷоннисориҳои сарбозони башардӯсти шаҳр ёдовар шуд.

Мо имрӯз шукргузор аз он ҳастем, ки шумо фарзандони асили Ватан дар ҷабҳаҳои ҷанги шадиду хунин ба хотири пойдории сулҳу оромӣ далерона ҷангида, ҳоло бо таҷрибаи ибратомӯзи худ дар ободу зебо гардонидани Ватани азизамон ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ саҳмгузор ҳастед. Корнамоиҳои бемислу монанд, ҷасорату далерӣ ва шуҷоату мардонагии ба дастомада, самараи дӯстии халқҳо ва муборизаи муштараки онҳо мебошад, ки дар саҳифаҳои таърих ҳамчун сабақи рӯзгор ва муборизаи инсоният барои адолат нақш бастааст.

Дар воқеаҳои Афғонистон зиёда аз 15 ҳазор аскарони тоҷик низ иштирок намуданд. Аз шаҳри мо 484 нафар ҷавонон қарзи интернатсионалистии худро адо намуда, 13 нафарашон дар ин ҷанг қаҳрамонона ҳалок гардиданд ва ёду хотироти неки шаҳидони ин ҷанг ҳамеша дар дили сокинони шаҳр зиндаву ҷовидон аст ва ба ибораи дигар корнамоиҳои онҳо ҳеҷ вақт фаромӯш нахоҳад гашт.

Алҳол дар шаҳри Ҳисор 343 нафар сарбозони башардӯст умр ба сар мебаранд. Онҳо дар байни мардум иззату эҳтироми калон доранд ва бо кору амалашон ибратомӯзи ҷавонон мебошанд...

Шаҳри Ҳисор аз замони бостон то рӯзгори мо чун сарзамини мардони бонангу далер ва қаҳрамону бунёдкор шуҳратёр гардидааст ва имрӯз ба чеҳраи нуронӣ, зиндагинома ва роҳи тайкардаи шумо сарбозони башардӯст кас менигараду ифтихор аз он менамояд, ки дар ҳақиқат фарзандони тоҷик аз азал дар роҳи пойдории ҳақиқат ҷони худро дареғ надоштаанд ва ин анъанаи аҷдодиро бо амри таърих дар нимаи дуюми асри гузашта шумо ба анҷом расонидед ва барои чунин корнамоию ҷонисориҳо бори дигар мехоҳам аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва аз номи сокинони шаҳр бароятон изҳори сипосу эҳтиром намуда,  ба шумо аба¬рмардон ва фарзандони далеру шуҷоъи Ватан саломатии бардавом, бахту иқбол ва осоиштагию хонаободиро таманно менамоям - иброз дошт дар суханронии худ Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода.

Сарбозони башардӯст  Фаррух Аловиддинов ва Раҷабалӣ Қодиров аз воқеаҳои мудҳиши солҳои хизмати худ ёдовар шуда, таъкид бар он доштанд, ки аҳли ҷомеа вазифадоранд ба қадри сулҳу оромӣ ва пойдории ваҳдату истиқлолияти Ватан бояд бештар бирасанд ва содиқона ҷиҳати татбиқи сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору фаъолият намоянд.

Дар интиҳо чанде аз сарбозони башардӯст бо мукофотҳои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадршиносӣ шуданд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru