ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз200
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2315
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта4858
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта36306
mod_vvisit_counterҲамин моҳ56733
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта53359
mod_vvisit_counterҲамагӣ427186

Тоҷикистон-боғи Айнӣ

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Дар шаҳри Ҳисор конференсияи илмию адабӣ бахшида ба 140 - солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Нақши устод Айнӣ дар ташаккули худшиносии миллӣ» баргузор гардид, ки дар кори он Шарифҷон Ҷумазода - раиси шаҳри Ҳисор, Ато Мирхоҷа – муовини якуми раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Ӯрун Кӯҳзод – Нависандаи халқии Тоҷикистон, Аламхон Кучаров – доктори илмҳои филология, профессор, Шамсиддин Солеҳ - доктори илмҳои филология, профессор, аҳли зиё, рӯзноманигорон ва донишҷӯёну фаъолони шаҳр иштирок доштанд.

Конференсияро раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода оғоз бахшида, зикри он дошт, ки «Зиндагии ибратангези инсонҳое, ки умри худро сарфи маърифат, шинохти миллат ва илм карданд, дарси сабаҳомўз ва маънависоз барои наслҳои имрӯзу фардо мебошад ва зиндагиномаи онҳо дар тарбия ва ташаккули аҳли ҷомеа, баланд бардоштани маърифати инсонҳо нақши арзанда мегузорад.

Донишманди номвар, шоир ва нависандаи шинохтаи тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ аз ҷумлаи чунин фарзандони фидокори халқи тоҷик мебошад, ки умри бобаракати худро дар роҳи худшиносии миллӣ, таҳқиқи таърих ва фарҳанги халқи тоҷик харҷ кардааст.

Дар кишвари мо бо шарофати сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадршиносӣ аз аҷдодони номвар меҳвари давлатдорӣ қарор гирифта, тӯли солҳои истиқлолият ному пайкори садҳо фарзандони асили миллат дар саҳифаҳои таърих тобиш ва ҷилои тоза пайдо карданд. Таҷлили 140 солагии олими забардаст, инсони донишманду фозил Садриддин Айнӣ ифодаи сиёсати давлат дар амал маҳсуб меёбад.»

Баъдан Аламхон Кучаров, Ато Мирхоҷа, Шамсиддин Солеь, Ӯрун Кӯҳзод, собиқадори маориф Кенҷамоҳ Нуралиева, Султонмурод Одинаев оид ба паҳлӯҳои эҷодӣ ва мақоми устод Садриддин Айнӣ дар адабиёти муосири тоҷик ибрози назар намуда, хизматҳои ин абармарди миллатро шоистаи омӯзиш ва тарғиб баён доштанд. Баргузории чорабиниҳо дар шаҳри Ҳисор бахшида ба 140 солагии устод Айнӣ идома дорад.

 

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru