Ба озмуни шаҳрии «Каломи ободкорӣ»

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Муассисае, ки дар борааш нақл карданиам бо вуҷуди даргоҳи муқаддас, даргоҳи орзую умедҳо будан, шояд ягона даргоҳе бошад, ки соҳибхона ҳангоми гусел хоҳад гуфт: - дигар қадаматон ҳаргиз ба ин даргоҳ наафтаду ниёз ба мо надошта бошед.

Хонандаи закифаҳм аллакай дарк кард, ки сухан атрофи кадом муассиса меравад. Бале, беморхона.

Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор ҳанўз солҳои панҷоҳуми асри гузашта сохта шудааст. Дар ин муддат даььо ҳазор беморон аз дастони ҳозири табибони ин даргоҳ шифо ёфта зиндагии хешро идома додаанд. Имрўз ин даргоҳи муқаддас аз ҳарвақта дида беҳтару хубтар фаъолият дорад.

Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода дар нишасти матбуотие, ки чанде пеш бо иштироки доираи васеи рўзноманигорон баргузор гардид, аз ободкорию созандагиҳои ин муассиса, хосатан роҳбари масъулиятшиноси он Эмомалӣ Маҷидов ёдовар шуда, фаъолияти онҳоро барои дигарон намунаи ибрат хонд.

Ҳисси кунҷковиам боло гирифту озими ин муассиса шудам. Ҳангоми вориди беморхона гардидан чашмам пеш аз ҳама ба кормандони техникӣ ва мудири хоҷагӣ Далер Мӯъминов афтод, ки ба сардии ҳаво нигоҳ накарда машғули шинонидани арчаҳои ороишӣ буданд. Саҳни ҳавлии беморхона ончунон сабзу хуррам гаштааст, ки бе муҳобот аз ягон истироҳатгоҳ монданӣ надорад. Дару тиреза ва деворҳои бо усули замонавӣ ороёфта ҳусни даргоҳро дучанд назаррабо намудаанд. Даромадгоҳи шуъбаҳо бо навиштаҷоти зебову хоно оро ёфта дигар воситаҳои маълумот дар девори роҳраву долон ва утоҷҳои табибону беморон бо забони давлатӣ насб шудаанд. Ҳавлии муассиса ва шуъбаҳои он тозаву озода буда бо нақшу нигор чунон  сангфарш шудаанд, ки  ба иборае  поят гард  намегирад. Пояьои дарахтон сафед ва зери онҳо сабзакорӣ гардидаанд. Бо кӯшишу заҳмати табибон манзараи зимистон бо баҳор омезиш ёфта ҳусну қабои дилкашу рӯҳафзоро ба хотир меовард. Табиист, ки чунин манзараҳои зебо барои шифои беморон мусоидат мекунад.

Ҳисмати ҷанубии беморхона, атрофи ташхисгоҳ ва сардхонаро солҳо  инҷониб  анбӯҳи хорзор, марминҷону алафҳои бегона фаро гирифта буданд. Ин мавзеъ ҳоло ба боғи дилкушое табдил ёфта, ниҳолҳои дарахтони мевадиҳандаю сояафкан, ки дар як - ду соли охир шинонида шудаанд,  ба ҳусни он ҳусни нав зам кардаанд.

Сардухтури беморхона Эмомалӣ Маҷидов хотираи рўзҳои аввали ба кор омаданашро ба ёд оварда чунин гуфт: - Аз дари беморхона ворид шудаму кори ман оғоз ёфт. Анбӯҳи мошинҳои дар ҳар ҷо гузошташуда мошини ёрии таъҷилиро имкон намедоданд, ки беморро саривақт ба шуъбаи қабул расонад. Фаротар рафтам, - сару либоси баъзе табибон, интизоми номуназзам дар кор ва дару деворҳои фарсудаю роҳравҳои пасту баланди пешподиҳанда пешорӯям қарор гирифт.

Тавре маълум шуд сартабиб рӯзҳои аввали корашро аз тартибу ба низом даровардани саҳни ҳавлии беморхона, интизоми меҳнат ва озодагии сару либоси табибон оғоз намуда, сипас мақсад гузошт, ки бо кадом роҳе набошад бинои фарсудаи беморхонаро таъмир намоянд. Дар як муддати кӯтоҳ нақшаҳо амалӣ мешуданд, мудирони шуъбаҳо ба ӯ пайвастанд, ҳар яке ҳамроҳи зердастонашон бо усули ҳашар атрофи коргоҳашонро ободу зебо мекарданд. Бо таку давҳои зиёд, муроҷиати сартабиб аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурӣ дастгирӣ ёфт. Барои ободонии муассиса як миқдор маблағ ҷудо гардид. Маблағҳоро, гарчанде нокифоя буданд, сарфакорона истифода намуданд. Қисмате аз биноҳои беморхона аз таъмири хушсифат бароварда шуданд.

Эмомалӣ Маҷидов танҳо ба ин қаноат намекард. Вазифаи дигар  пешорўяш меистод: ҳолати муассисаҳо ва хизматрасонии тиббӣ дар деҳот. Ў рафти ободониро дар шуъбаю марказҳои табобатии деҳот  зери назорати қатъӣ гирифт. Бо маслиҳату дастгирии сардухтур ба  корҳои ободонӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид. Корҳои ободонӣ  баробари хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар деҳот ба таври назаррас вусъат ёфт. Таъмиру сохтмони биноҳои нави замонавии тиббие, ки   чанд соли охир ба сомон расидаанд, гувоҳи ин гуфтаҳост.

Сартабиб аз ободкориҳои  табибону масъулони  шуъбаи бемориҳои рўҳӣ ва наркологӣ, беморхонаи бемориҳои сироятӣ, таваллудхонаи рақами 2 , шуъбаи асабшиносӣ, маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, шуъбаи гӯшу гулую бинӣ, беморхонаи минтақавии Меҳргон ёдовар шуд. Хизмату заҳмати  табибони беморхонаи рақами 1-и ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо ва таваллудхонаи рақыами 2-и ҷамоати деҳоти Дурбатро сартабиб махсус қайд намуда, аз кормандони ин муассисаҳо изҳори қаноатмандӣ намуд. Муассисаҳои номбурда аз таъмири хушсифат бароварда шуда, дар гирду атрофи он дарахтони мевадиҳандаю сояафкан шинонида шуданд.

- Ҳастанд  нафароне, ки аз рӯи имкону шароиташон  ба муассисаҳои тандурустии шаҳр кӯмак мерасонанд, - изҳор медорад Эмомалӣ Маҷидов. - Ба инҳо Шокир Қаюмов - директори хоҷагии ниҳолпарварии ноҳияи Шаҳринав, соҳибкор Алиҷон Норбеков, сардори муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Ҳисор Шодӣ Ахмедов, сардори корхонаи воҳиди давлатии сохтмони асосии шаҳр Худойбердӣ Ашӯров, сардори корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилц-коммуналӣ ва сохтмон дар шаҳри Ҳисор Абдуқодир Назиров ва ғайраҳо мисол шуда метавонанд.  Аз ободкориҳои мо илҳом гирифта, яке ба мо ниҳоли мева медоду дигаре  буттаҳои гулу дарахтони сояафкан, сеюмӣ роҳҳоямонро мумфарш намуда, барои беморбинону бемордорон шароити аёдату нишастгоҳҳоро  муҳайё менамуд.

Сартабиб аз нақшаҳои минбаъдааш ёдовар шуда изҳор дошт, ки дар наздиктарин фурсат хавозаи токи даромадгоҳи беморхонаи марказиро таъмиру барқарор намуда, гармхонаро мақсаднок истифода менамоянд. Барои истироҳати табибон як майдончаи футбол омода сохта заминҳои холиро  дарахтзор мекунанд.

Роҳбари ватандӯсту ободкор, сартабиби беморхонаи шаҳри Ҳисор Эмомалӣ Маҷидов ният дорад дар наздиктарин муддат фаъолияти ташхисгоҳи шабонарӯзӣ, ташхиси ултрасадои шабонарӯзиро ба роҳ монад.

Боварӣ дорем, ки нақшаҳои минбаъдаи масъулини беморхонаи марказӣ низ амалӣ гардида сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ беҳтар мегардад.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru