Қадри китоб ва китобхонро чӣ гуна баланд бардорем?

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.

 

Оре, китоб ганҷи бебаҳо, дӯсти беҳтарин,  муқаддасу фанонашаванда, маърифатбахшу адабомӯз мебошад. Маҳз китоб илму маърифат ва фарҳанги  ҳар миллату халқиятро аз асрҳо то асрҳо, аз наслҳо то наслҳо мебараду расму анъана ва тамаддунашро нигоҳ медорад.Бузургони олам китобу донишро васфу ситоиш намуда тавассути асарҳои  баландмазмунашон  мутолиаи китоб ва рӯ овардан ба хираду омӯзишро тарғиб менамуданд. Илму дониш, китоб ва тарбия се омили пайдоиши шиори «Гуфтори нек, рафтори нек, кирдори нек» мебошанд.  Истифодаи босамари китоб ташнагони илм, ҷӯяндагони донишро ба қуллаҳои мақсуд расонда метавонад:

 

Дониш, ки китоб асту китоб асту китоб,

Хонам, ки савоб асту савоб асту савоб.

 

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид гуфтаанд: «Китоб ҳамчун шиносномаи шоистаи ҳар як халқу миллат барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ ва рушди он, таҳкиму тақвият ёфтани  ҳуввияти миллӣ ва худогоҳиву худшиносии ҳар як фард нақши бузург дорад».

Ба ифтихори ҷашни бошукӯҳ – 3000-солагии Ҳисори Шодмон дар қатори маҷмааи сегонаи фарҳангӣ Китобхонаи марказӣ сохта мавриди баҳрабардорї қарор дода шуд. Дар танатанаи ифтитоҳи  ин боргоҳи илму маҳзани дониш Сарвари муаззамамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуда ба кулли мардуми маърифатпарвари диёрамон барои расидан ба қуллаҳои баланди  дониш комёбиҳо таманно намуданд.

Китобхонаи марказӣ дар яке аз ҷойҳои  хушманзар ва тамошобоби шаҳри  Ҳисор ҷой гирифтааст.  66 нафар кормандони ин маҳзани хирад дар шуъбаю толорҳои  зерин фаъолият менамоянд: шуъбаҳои  бақайдгирии хонандагон, коркард ва такмили адабиёт, хизматрасонӣ ба маъюбон, адибони водии   Ҳисор, адабиёти техникӣ, адабиёт оид ба тиб, адабиёти кишоварзӣ, китобхонаи  бачагона, адабиёти  ҷомеашиносӣ. Шумораи зиёди  хонандагони китобхона  аз хизмати бахши феҳристҳо. ҳамчунин толорҳои  феҳристи электронӣ,  китобњҳи электронӣ, хониш, матбуоти даврӣ, маълумотдиҳии  маводҳои  библиографӣ, таҳхонаи дорои тамоми шароити нигаҳдории китобу матбуоти даврӣ  самаранок истифода мебаранд.

Тавре директори  системаи китобхонаҳои марказонидашуда Савринисо Мӯсоева ба мо иттилоъ доданд, баҳри ҷалби мутолиакунандагони 63 ҳазору  198 нусха китоб тамоми чораҳо андешида шуда, барои хонандаи  муосир  шароити мусоид фароҳам оварда шудаанд. ҳамарӯза аз 80 то 200 нафар хонандагони сершумор аз хизмати кормандони ин макони илму маърифат самаранок истифода мебаранд. Масалан, дар шуъбаи маъюбон наздики 40 нафар хонандагон ба қайд гирифта шудаанд. Кормандони шуъба  мунтазам ба хонаҳои маъюбони барҷомонда  рафта хизмати эшонро ба ҷо меоранд. «Мо аз хонандагони фаъол Таваккал Неъматов, аз дењаи Кафшдӯзон, Сӯҳроб Ахмедов аз деҳаи Нилу ва дигарон ифтихор дорем. Кас  муҳаббати  беандоза ба китоб доштани  онҳоро дида ба ваҷд меояд. Кош  ҳама мисли онҳо илмдӯсту маърифатпавар, бофарҳангу эҷодкор мешуданд»,-мегӯяд мудири шуъба Лола Ахмедова.

- Ташрифоварандагони  шуъбаи мо бошанд, аксар донишҷӯёни коллеҷу донишкадаҳои олӣ мебошанд. Мо кӯшиш менамоем, ки  ба онҳо на танҳо дар пайдо намудани адабиёти лозимаашон  кӯмак намоем, балки дар мураттаб сохтани корҳои илмӣ, реферату маърӯзаҳо низ маслиҳатҳои муфид  медиҳем ба суҳбат ҳамроҳ шуданд мудири шуъбаи адабиёт оид ба тиб  Ҳалим Султонов ва мудири шуъбаи адабиётшиносию забоншиносӣ Мунира Қодирова.

Дар толори китобхонаи электронӣ гурӯҳи ҷавонон сари мизҳои компютерӣ нишаста тавассути шабакаҳои интернет асарҳои бадеӣ, маърӯзаҳои илмӣ ва маводҳои лозимаро мутолиа мекарданд. Мудири китобхона Гулчеҳра Мирзоева аз гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, вохӯрӣ бо адибону шоирон, ҷашнвораҳои бузургдошти ин ва ё он адиб, муаллифони китобњои илмӣ ва публисистӣ бо ҳарорат ҳарф мезад. Суханони ӯро мудири бахши китобҳои бачагона Раъногул Гулова тақвият бахшида изҳори қаноатмандӣ зоҳир намуд: - Дар ташкил ва гузаронидани ин чорабиниҳои маърифатӣ мо бо муассисаҳои таълимии  рақамҳои 2,24, 47, коллеҳи омӯзгорӣ ва дигарон  ҳамкории зич дорем.

Агар дар бораи фаъолияти Китобхонаи марказии шаҳри Ҳисор соатҳои зиёд ҳарф занем, кам аст. Лекин ғараз аз овардани ин нигошта он аст, ки хонандаи закӣ, доништалабу илмљўро гўшрас намоем, ки аз имконоти фаровони ин махзани илму маърифат самаранок истифода намоянд. Боиси таассуф ва нигаронист, ки ваќтњои охир сафи хонандагони китоб кам шуда таваљљуњи бархе на ба китобу илму хирад, балки ба љустуљўи роњи осони зиндагї нигаронида шудааст. Як ќатор шабакањои интернетї телефонњои мобилиро  ба љои омўхтани илму дониш, барои бозињои дањшатноку тамошои филмхои ѓайриахлоќї, шунидани ахбороти иѓвоангезу таронањои кўчагї  истифода мебаранд. Мафкураи худро бо маводњои нодаркор танг намуда камњавсалагї зоњир менамоянд. Баъзе тангназарон љињати намоишкорї китобхои зебову рангаро чун љињози ороишї дар љевонњои пурбањои хонањояшон  бехабар аз мазмуну муњтавои он нигоњ медоранд. Имрўз аз хизмати Модар-Ватан фирор кардани баъзе «љавонмардон» низ аз бемаърифатї ва заифии мафкура, аз нахондани китоб аст. Вараќњои китобњои нодир, рўзномаву маљаллањои хонданбобро дар дасти фурўшандањо дида дили кас реш-реш мешавад.

Коста гардидани обрӯву нуфуз ва рафъи шавқу рағбат нисбат ба китоб дар чист? Нафароне ҳам ҳастанд, ки маблағи худро на барои харидорӣ намудани китоб, балки ба чизҳои дуввумдараҷаву даҳумдараҷа масраф месозанд? Чаро шумораи зоҳирпарастон зиёд шуда истодааст? Чаро аз ин гуна шароити хуб ва имконияти  васеи фароҳамовардашудаи Китобхонаи марказӣ, ки мислаш дар ҷумҳуриамон камназир аст, самаранок истифода намебарем?!

Олим ва публисисти машҳури Фаронса Лабуле  гуфтааст, ки:  «Дар тамаддуни умумибашарӣ ҷойи ҳар халқу миллат мувофиқи шумораи китобҳои хондашуда муайян мегардад».

Фурсати он расидааст, ки ҷиҳати баланд бардоштани қадру манзалати китоб, маърифатнокии ҳар фарди ҷомеа  чораҳо андешем. Дар ин самт ҳамкории мактаб, оила ва ҷомеаро мустаҳкам намоем. Фаъолияти кори китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ, ҷамоатҳои деҳот ва корхонаву муассисаҳоро ҷоннок намоем. Барои китобхонаҳо ба ҷои бинои фарсудаву валангоре, ки дар ҳолати садамавӣ қарор доранд беҳтарин  иншоот, бино ва утоқҳоро ҷудо намоем. Мутахассисони бофарҳанг, китобдӯст, дилсӯз ва ҳамадонро барои кор дар чунин маҳзанҳои хирад ҷалб созем. Дар мактабҳо низ баҳри   бедории фарҳанги китобдӯстии шогирдон тамоми чораҳоро андешем, Бо адибону шоирон вохӯриҳои судманд гузаронем, аз рӯи асарҳои адибон намоишҳои театрикунонидашудаю  саҳнаҳои тарбиявӣ омода намуда,  муҳаббат ба сухан, китоб, адабиётро афзун созем, саёҳати хонандагонро ба китобхонаҳои беҳтарин ташкил намоем. Ҷавононро лозим аст, ки дар ин соли ҷашнвораашон бо ташаббусҳои наҷиб, эҷоду эъҳоз, навҷӯиву  навоварӣ  лоиҳаҳои нодиртаринро тарҳрезӣ намоянд.

Бо овардани мисраҳои «Шоҳнома»-и  безаволи Фирдавсии оламшумул ба нигоштаамон нуқта гузошта  хонандаи азизу гиромиро ба андеша ва баёни фикру мулоҳиза атрофи ин мавзӯи муҳими рӯз  даъват месозем:

 

Биноҳои обод гарданд хароб,

Зи борону  аз тобиши офтоб.

Пай афкандам аз назм кохе баланд,

Ки аз боду борон наёбанд газанд.

Бар ин нома бад солҳо бигзарад,

Бихонад ҳар он кас, ки дорад хирад.

Намирам  аз ин пас, ки ман зиндаам,

Ки тухми суханро парокандаам.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru