«Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – наҷотбахши миллат»

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Бо чунин унвон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр миззи мудаввар доир гардид ва дар кори он Раиси Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷабова Лутфия, собиқадорони меҳнат Рафиқа Мӯсоева ва Ҳусноро Мирзоева, устоди Динишгоҳи миллӣ Шарипов Амриддин ширкат варзиданд.

Мақсад аз баргузории мизи мудаввар бо номи «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – наҷотбахши миллат» ҳам он буд, ки  бори дигар саҳифаҳои зиндагинома ва корнамоию фидокории Пешвои миллатро дар роҳ наҷоти халқи тоҷик аз вартаи нобудшавӣ, хотимабахшии ҷанги шаҳрвандӣ, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини рушди устувор ва муҳимтарин масоили давлатдорӣ мавриди омӯзиш қарор дода, дар роҳи амали ҳама қарору қонун, барномаҳои муҳими давлатӣ ва дигар асноди ҳуқуқӣ кору фаъолиятро бештару хубтар амалӣ намоем.

Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода оғоз гардид ва баъдан Раиси Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷабова Лутфия ва собиқадори меҳнат Рафиқа  Мӯсоева  дар маърӯзаҳои  худ шинохти хизматҳои Пешвои миллатро мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор доданд.

Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода дар суханронии  худ баёни он дошт, ки: “Фаъолияти корӣ ва зиндагиномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  шоистаи  омӯзиш, тарғиб ва пайравӣ буда, ҳар як сокини шаҳр вазифадор аст ба қадри заҳматҳои пайвастаи Пешвои миллат бирасад, Ватану диёри худро дучанд дӯст дорад ва сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз  ва  барои ободии шаҳр кору фаъолият намояд.

Соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар лаҳзаву ҳар соат аз афзудани  корномаҳои созандаву бунёдкорона башорат мерасонад, ки ин дастовардҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ бо шарофати талошу хиради азалии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро насиб гардидааст....

Фурсат моро ба оғози фаъолияти яке аз бузургтарин иншооти аср – ифтитоҳи  аввалин агрегати нерўгоҳи барқи обии «Роғун» мерасонад, ки  боэътимод метавон ин рўйдоди муҳими таърихиро сароғози корномаҳои созандаи мардуми тоҷик таҳти раҳнамоиҳои Пешвои миллат ба истиқболи ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба ҳисоб овард. Бо бунёди ин иншооти муҳими аср, ки дар баробари табдили кишвари мо ба манбаи нур аҳамияти бузурге барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ва кишварҳои ҳамсояи мо дорад, марҳилаи дигари таҳкими истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон фаро  мерасад ва ҳамкории кишвари мо бо мамлакатҳои дўст ва бародари ҳамсоя боз ҳам тақвият меёбад.

Агар ҳамаи дастовардҳои халқи тоҷикро дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҷамъбаст намоем он бо шарофати сиёсати тамаддунпарварони Пешвои миллат моро насиб гардидааст ва мо тавонистем давлату миллатамонро аз вартаи нобудӣ наҷот дода, тамомияти арзии онро ҳамчун давлати ягона ҳифз, аркони асосии сиёсӣ ва давлатдории миллии худро эҳё намоем.

Бо шарофати роҳбарию раҳнамои ва ҳидоятҳои падаронаи Пешвои миллат халқи тоҷик бори дигар имкон пайдо намуд, ки дилпурона ва дар шароити сулҳу ваҳдати миллӣ ба эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ шурӯъ намуда, рисолати таърихии худро дар назди Ватан ва таърих бо сарбаландӣ ба ҷо орад.”

Дар муҳокимаи маърӯзаҳо аҳли толор фаъолона ширкат варзида, шинохт, қадршиносӣ ва тарғибу омӯзиши мактаби сиёсии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз вазифаҳои муҳими аҳли ҷомеа арзёбӣ карданд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru