«Пешвои миллат-бозёфти нодири таърих»

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Дар нимаи дуюми рӯз бо иштироки раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Қосимзода Идигул Тағо, раиси Кумитаи  забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Гавҳар Шарофзода, ходими намоёни давлатӣ Марҳабо Ҷабборӣ ва занону бонувони фаъоли шаҳр конференсияи илмию амалӣ бо номи «Пешвои миллат-бозёфти нодири таърих» баргузор гардид.

Маърӯзачиён дар суханронии худ нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро чун рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ баён намуда, зикри он доштанд, ки дар пиёдасозии  ормонҳои неки миллӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле назаррас ва шоистаи омӯзиши тарғиб  аст.

Таърих шоҳиди он аст, ки дар ҳама гуна давраҳои мушкилу мураккаб ва лаҳзаҳои тақдирсози миллат ҷамъият ба шахсияти бузурге ниёз дорад, ки ў беш аз дигарон зарурияти таърихиро дарк менамояд ва дар ҳалли мушкилоти ҷомеа камар мебандад. Шахсе, ки дар ҳамин давра дар арсаи таърихи миллати тоҷик қадами миллатсози  худро гузошт -  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мебошанд, ки 16-уми ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд дар Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шароити барои миллати тоҷик ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз доир гардида буд, аз ҷониби вакилон ба ҳайси раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дар соли 1994 дар асоси интихоботи президентӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаанд.

Он рӯзгори пурошӯб Пешвои миллат хуб дарк намуданд, ки ҳалли  масъалаҳои муҳими сиёсию иҷтимоӣ, хотима гузоштан ба ҷанги бародаркуш, наҷот бахшидани кишвар аз вартаи қашшоқию камбизоатӣ, ба даст даровардани сулҳу оштӣ, барқарор намудани институтҳои демократӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, эътирофи давлатдории тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бе амалишавии  ҳадафҳои стратегӣ номумкин мебошад ва бо як матонату ҷасорати нотакрор баҳри амалӣ намудани онҳо саъю талош варзиданд...

Мо бояд ба қадри заҳматҳои созанда, қаҳрамонию фидокорӣ, дӯстдории ватану халқ ва мактаби бузурги роҳбарии Пешвои муаззами миллати худ бирасем ва шукргузор аз он бошем, ки чунин як марди худодод, инсони наҷиб ва дар ҳақиқати қаҳрамони миллат имрӯз сарвару раҳнамои мо ҳастанд.

Сокинони шаҳри Ҳисор бо Пешвои миллати худ ифтихор доранд. Мактаби бузурги сиёсӣ, ақидаҳои ҳикматомези оламгир ва  мақоми беназири Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари тоҷикони оламро дар арсаи ҷаҳонӣ чун сиёсатмадори варзидаву хайрхоҳи аҳли башар, Тоҷикистонро ба ҳайси давлати сулҳпарвару фарҳангсолор ва пешрафту соҳибрушд муаррифӣ карда, сокинони шаҳри Ҳисор дар симои Пешвои миллат, падари ғамхор ва устоди зиндагии имрӯзу фардои худро эҳсос намуда, азми он доранд, ки бо шукргузорӣ аз давлати сарвариатон дар роҳи шукуфоию ободии Ватани азизамон Тоҷикистон корҳои созандагиву бунёдкориро идома бахшида, Тоҷикистонро ба кишвари пешрафту мутарақӣ дучанд табдил диҳанд- баён дошт раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода.

Дар конференсияи чанд нафар аз занону духтарони шаҳр ба музокира баромада андешаҳои худро сари ин мавзӯъ баён доштанд ва бо итминон метавон гуфт, ки баргузории чунин ҳамоишҳои илмию амалӣ метавонад дар замири шаҳрвандон эҳсоси дӯстдории Ватан ва худшиносию худогоҳии миллиро дучанд намояд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru