ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз338
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1861
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта338
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта13109
mod_vvisit_counterҲамин моҳ25585
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта56757
mod_vvisit_counterҲамагӣ1120992

Паёми Пешвои миллат - раҳнамоӣ аҳли ҷомеа

http://www.zoofirma.ru/

Санаи 26 декабри соли 2018 дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро баён доштанд, ки он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро фарогир аст.

Бо мақсади тарғиби нуктаҳои муҳими ин санади тақдирсоз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки фаъолон, аҳли зиё ва соҳибкорони шаҳр мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷов Шарофиддин, муовини Сардори сарраёсати пешгирии муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарализода Икром ва нозири калони сарраёсати пешгирии муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодуллозода Арасатулло баргузор гардид.

Мулоқотро раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода оғоз намуд ва баъдан вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷов Шарофиддин, муовини Сардори сарраёсати пешгирии муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарализода Икром андешаҳои худро оид ба самтҳои муҳими Паёми Пешвои миллат ва пешгирии ҳолатҳои коррупсионию ришваситонӣ иброз намуданд.

Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода дар иктифои мулоқот арзи он дошт, ки: “Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳоло ба шарофати заҳмати халқи соҳибмаърифату тамаддунсоз ба марҳалаи нави рушд ворид шудааст.

Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату якпорчагии мардуми шарафманди тоҷик имкон дод, ки мо маҷрои рушди иқтисоди миллиамонро ба куллӣ тағйир диҳем, барномаҳои нави давлатиро қабул кунем, сохтори давлатдориамонро, ки асоси онро принсипи адолати иҷтимоӣ ташкил медиҳад, таҳким бахшем, иқтидорҳои нави истеҳсолиро ба кор андозем, сокинони мамлакатро дар тамоми фасли сол бо нерӯи барқ таъмин кунем ва барои рушди минбаъдаи соҳаҳои ҳаётан муҳимми кишвар шароит ва заминаи мусоид фароҳам оварем ва дар роҳи татбиқи ҳадафи чоруми давлатдориамон саноатикунонии мамлакат заминаи боэътимод ва боварибахшро муҳайё созем.

Танҳо бо сабру таҳаммул, иродаи мустаҳкам, иттиҳоду сарҷамъӣ, саъю талоши аҳлона, заҳмати содиқонаву софдилона, масъулияти баланд ва ташаббусҳои созанда мо метавонем ба ҳадафҳои дар наздамон қарордошта муваффақ шавем ва ҳамаи нақшаву барномаҳои қабулкардаамонро амалӣ намоем.

Бо назардошти он ки дар Паёми Пешвои миллат ҳамаи самтҳои давлатдорӣ ва фаъолият дар соли ҷорӣ тарҳрезӣ гардидааст мо вазифадорем тарғиби нуктаҳои муҳими онро дар байни ҳамаи қишрҳои ҷомеа ба роҳ монда, бо таҳияи нақша-чорабинии махсус дастуру супориш ва ҳидоятҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар амал татбиқ намуда, манзили аҷодии худро ба макони ҳамешабаҳору рушдёфта дучанд табдил диҳем.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru