ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз247
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1861
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта247
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта13109
mod_vvisit_counterҲамин моҳ25494
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта56757
mod_vvisit_counterҲамагӣ1120901

Ёде аз шаҳидони Шарора

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

 

Дар замони истиқлолияти Тоҷикистон бо дастгирию раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шинохти арзишҳои миллӣ, ҳодисаву рӯйдодҳои сабақомӯзи таърих, қадршиносӣ ва эҳтироми симоҳои барҷастаи таърихӣ ба як самти муҳими фаъолият табдил ёфта, гувоҳӣ аз он дорад, ки иҷрои ин амалҳои нек дар роҳи худшиносиву худогоҳии миллӣ метавонад, моро ба рӯзи фардои саршор аз фараҳу ифтихор раҳнамо бошад.

30 – сол муқаддам яке аз мудҳиштарин ҳодисаҳои таърихӣ, ки дар таърих бо номи заминларзаи Шарора ёдовар мешавад, ба вуқӯъ пайваста, боиси марги 226 нафар ва хисороти молии зиёд гашт. Ин ҳодисаи мудҳиш ҷони нафарони зиёдеро ба коми худи кашидаву то рӯзгори мо орзую умед ва ормонҳои ҷавонмарги шаҳидонро дар зери хок ниҳон медорад.

Бо мақсади бузургдошт ва  ва нигоҳдории поси хотири шаҳидон қарори махсуси раиси шаҳр ба тасвиб расида, дар баробари ободу зебо нигоҳ доштани ин макони сабақомӯзи таърих, давоми соли 2018 мулоқоту нишаст ва конференсияю вохӯриҳо дар байни аҳолӣ ва 23 январ соли равон дар оромгоҳи шаҳидони заминларзаи чорабинии ёдбудӣ баргузор гардид, ки дар он аҳолии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ширкат варзида, бори дигар ёде аз шаҳидони ин ҳодисаи мудҳиш карданд.

Ба ҳамаи онҳое, ки дар ин фоҷиаи сангин наздикони худро аз даст додаанд, изҳори тасаллият намуда, дар зиндагии минбаъдаи   ворисонашон барору кушоиш таманно дорем.

 

 

 

 

 

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru