ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз825
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3289
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта14881
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта13109
mod_vvisit_counterҲамин моҳ40128
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта56757
mod_vvisit_counterҲамагӣ1135535

Маориф офтоби зиндагонӣ

http://www.zoofirma.ru/

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки маориф яке аз рукнҳои асосии сиёсати давлату ҳукумат буда, рушду нумуи он зери таваҷҷуҳи доимии Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, фароҳам овардани шароити таълиму тарбия яке аз вазифаҳои асосии ҳар як фарди ҷомеа мебошад.

Тибқи дастури раиси шаҳри Ҳисор муҳтарам Шарифҷон Ҷумазода бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳисилотии шаҳр бо ҷалби соҳибкорон, шахсони саховатпеша, ходимони дин ва аҳли ҷамоатчигӣ вохӯрию мулоқотҳои судманд бургузор гардид ва дар як муддати кӯтоҳ 35 муассисаи таъмирталаб таъмиру тармим гардида, дар назди  таълимгоҳҳои №№ 6, 34, 35, 41  67, 74, 82, 84, 97, 109, 118 дар маҷмуъ 36 синфхона бо ғунҷоиши 900 ҷойи нишаст дар як баст сохта ба истифода дода шуд.

Инчунин, сохтмони 20 синфхонаи иловагӣ дар назди таълимгоҳҳои №№ 6, 18, 38, 41, 53, 65, 70, 40, 27 ва 81  (барои 500 нафар хонанда дар як баст)  дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Бояд тазаккур дод, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо назардошти нақшаи иловагӣ дар шаҳри Ҳисор сохтмони 177 синфхона ба нақша гирифта шудааст.

Бо мақсади таъмини шароити хуб барои таълимгирандагон аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ бори дигар муассисаи садамавии ҳудуди шаҳри Ҳисор мавриди омӯзиш қарор гирифтанд ва ба ҳолати 1 июни соли 2018 дар шаҳри Ҳисор 19 муассисаи садамавӣ ба қайд гирифта шуда буд. Баъди санҷиши ҳамаҷонибаи гурӯҳи корӣ муайян карда шуд, ки ба ҳолати имрӯза дар шаҳри Ҳисор бинои муассисаҳои №№ 36, 39, 43, 44, 73, 102 дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, бинои муассисаҳои № № 38, 41, 50, 60, 65, 70, 77, 82, 83, 90, 101, 102, 106, 109 ба таъмири асосӣ ниёз доранд.

Тибқи нақша, дар маҷмуъ то 30-солагиии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба ғайр аз 36 синфхонаи иловагие, ки ифтитоҳ гардиданд, сохтмони 177 синфхонаи иловагӣ (барои 4425 ҷойни нишаст дар якбаст) дар назар буда, сохтмони 20 синфхона дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Ҷиҳати сохтмони 87 синфхона дигари иловагӣ ва барои сохтмони 70 синфхона дар назди муассисаҳои садамавӣ ва таъмирталаб корҳои ҳуҷҷатгузорӣ идома дорад.

Ҳамзамон қайд кард, ки сохтмони бинои наву замонавии таълимгоҳҳои №№43, 44, 73, 105 ва 106 дар нақшаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст.

Сокинони деҳот, аҳли маориф ва соҳибкорону шахсони босаховати шаҳр дар ҳамкори бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тасмим гирфтаанд, то оғози соли хониш мушкилоти мавҷударо бартраф намоянд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru