ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1243
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2706
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта14489
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта16001
mod_vvisit_counterҲамин моҳ54361
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта66580
mod_vvisit_counterҲамагӣ1019054

Хизматрасонии тиббиро беҳбуди бояд бахшид

http://www.zoofirma.ru/

Дар шаҳри Ҳисор аз 35 маркази саломатӣ 5 маркази саломатӣ - Суғдиён, Деҳқонобод,  Ўзбекистон, Хонақои Кӯҳӣ, Ниёгон ва аз 41 бунгоҳи тиббӣ 5 бунгоҳи саломатӣ дар хона вагонҳо, 3 бунгоҳи саломатӣ дар бинои мактаб  ҷойгир буда, 3 бинои бунгоҳҳо дар бошишгоҳҳои саҳроӣ, як бунгоҳи саломатӣ дар бинои шӯъбаи алоқа ва 3 - бунгоҳи саломатӣ  умуман бино надоранд.

Баъди муайян намудани ҳолати воқеии муассисаҳои тиббии ҳудуди шаҳр камбудиҳои ҷойдошта ба тариқи зайл бартараф карда шуда истодаанд.

Таъмири капиталии биноҳои марказҳои саломатии Деҳқонобод, Ӯзбекистон ва Хонақои Кӯҳӣ бо дастгирии соҳибкорон ва аҳолӣ ба нақша гирифта шуда, бинои маркази саломатии Суғдиён аз ҷониби раиси маҳаллаи деҳаи Суғдиён Фозилов Тӯйчӣ ва маркази саломатии Ниёгон аз ҷониби соҳибкорон ва аҳолии деҳаҳои Ниёгон ва Хоҷасидиқ аз нав сохта мешаванд.

Бинои бунгоҳҳои саломатии деҳаҳои Гачак, Ҳуснобод, Булбулчашма, дар бошишгоҳи саҳроӣ ва  Ҳосилот дар шуъбаи алоқа қарор доранд, барои ба тавозуни маркази саломати гузаронидан ҳуҷҷатҳо омода карда шуданд.

Барои сохтмони бинои бунгоҳҳои саломатии Шарофобод, Ҳоҷигирдоб, Ҷиргинак, Лолазор, Сабзазор, Астрофизика, Варгандок, Хайробод, ки дар вагон ҷойгир буда, ё бино надоштанд, замин ҷудо карда шуда, ба тариқи ҳашар сохта мешаванд.

Барои сохтмони бинои бунгоҳи саломатии Баракат ҷудо намудани қитъаи замин пешбинӣ шудааст.

Мардуми шарафманди шаҳри Ҳисор аз ҳидояту ғамхориҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти маҳбаби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати рушди соҳаи  тандурустӣ ва деҳот рӯҳу илҳоми тоза гирифта, азми он доранд, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлорлияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар иншоотҳои маиши хизмарасонӣ, ҷиҳати таъмиру тармим ва сохтмони иншоотҳои соҳаи тандурустӣ саҳми арзанда гузоранд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru