Ваҳдат маҳсули андешаи миллист

http://www.zoofirma.ru/

Бахшида ба 22 – солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ бо ибтикори Шўрои шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва Эҳёи Тоҷикистон конференсияи умумишаҳрии назариявӣ – омўзишӣ зери унвони «Ваҳдат маҳсули андешаи миллист» баргузор гардид.

Дар кори конференсия шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, адибон, устодону донишҷўёни коллеҷу муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳр, иштирок доштанд.

Дар конференсия мавзуҳои «Назарияи Ваҳдати миллӣ заминаи муттаҳидӣ, нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳ ва бақои он», «Сабаб ва омилҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва оқибатҳои он» «Нақши Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳ ва эҳёи иқтисоди миллии Тоҷикистон», «Саҳми комиссияи оштии миллӣ дар баҳамории миллат ва баргардондани гурезаҳои иҷборӣ» баргузор гардид.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru