ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН
БАРОИ МУРОҶИАТ
ҲИСОР ДАР АКСҲО
ТАШРИФКУНАНДАГОН







![]() | Имрӯз | 2744 |
![]() | Рӯзи гузашта | 1931 |
![]() | Ҳамин ҳафта | 10206 |
![]() | Ҳафтаи гузашта | 19344 |
![]() | Ҳамин моҳ | 7322 |
![]() | Моҳи гузашта | 63082 |
![]() | Ҳамагӣ | 1145527 |
Маҷлиси машваратии назди раиси шаҳр
- Сешанбе, 02 Феврал 2021

Санаи 1 феврали соли 2021 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо иштироки муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, сардорони раёсатҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мудирони шуъбаю бахшҳо ва роҳбарони корхонаву ташкилот ва муассисаҳо маҷлиси машваратии назди Раиси шаҳр баргузор гардид.
Ба Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода муовини якум раиси шаҳр оид ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии шаҳр, рафти иҷрои нақшаҳо, барномаю стратегияҳо ва супоришҳои Раиси шаҳр, муовинон ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр оид ба фаъолияти шуъбаю бахшҳои зерсохторҳояшон давоми ҳафтаи сипаришуда, иҷрои чорабиниҳои нақшавӣ дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни миллии 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот гузориши муфассал доданд.
Раиси шаҳр ба масъалаҳои фаъолият ва сохтумони корхонаҳои нави саноатӣ дар шаҳр, таъмири хатҳои обу канализатсия, роҳ, зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои маорифу тандурустӣ, таъмини барқ ба аҳолӣ ва ҷамъоварии маблаѓи он, ҷамъоварии андоз, ҳуҷҷатгузорӣ ва таъмини аҳолӣ бо сертификати замин, соҳилмустаҳакамкунӣ, санади қабули иншоот, ташкили ҷойҳои нави корӣ, махсусан таъмини аз маҳбас озодшудагон бо ҷойи кор, ҷалби сармояи мустақим, нафақаи иҷтимоӣ ва дар самти кишоварзӣ оид ба омдагиҳо ба кишту кори баҳорӣ, хусусан кишти картошкаю пахта ва ѓалладонагиҳо, захираи тухмӣ, таъмири пойгоҳои обкашӣ ва ҷамъоварии маблаѓи об аз хоҷагиҳо, чорводорӣ, корҳои биотехникӣ дар кўҳу пушта, инчунин ба рафти иҷрои Барномаю стратегияҳо дар самти иҷтимоӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, ба масъулин ҷиҳати иҷрои супоришҳо ва роҳ надодан ба камбудиҳо дар фаъолияти кориашон вазифагузорӣ намуд.
Ҳамчунин, барои дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани Рўзи Модар ва Рўзи Артиши миллӣ Раиси шаҳр ба муовини соҳавӣ ва масъулини шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, бахшҳои фарҳанг, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш дастуру супоришҳои мушаххас дод.