ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2763
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1931
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта10225
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта19344
mod_vvisit_counterҲамин моҳ7341
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта63082
mod_vvisit_counterҲамагӣ1145546

Маориф соҳаи сарнавиштсоз

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

4 феврали соли 2021 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор мулоқоти Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода бо кормандони соҳаи маорифи шаҳр баргузор гардид. Дар он мудирони шуъбаю бахшҳои масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва шуъбаи маориф, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти умумии асосӣ, мудирони кўдакистону муассисаҳои томактабӣ иштирок доштанд.

Мудири шуъбаи маориф Муқимзода Наргис аз фаъолияти муасисаҳои таълимии шаҳр давоми соли хониши 2019-2020 ва нимсолаи аввали соли хониши 2020-2021 гузориши муфассал дода, вазъи таълиму тадрисро дар муассисаҳои таълимии шаҳр нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ қонеъкунанда арзёбӣ намуд.

Зикр гардид, ки шумораи  муассисаҳо дар шаҳр 134 ададро ташкил дода дар онҳо 74 ҳазору 154 нафар кўдакону наврасон, аз он 37 ҳазору 999 нафарашон духтарон  ба таҳсил фаро гирифта шуда, 4 ҳазору 430 нафар омўзгорон сабақ меомўзонанд. Ибтидои соли хониш 144 нафар мутахассиси ҷавон ба кори омўзгорӣ ҷалб шуда бошанд ҳам, ҳанўз нарасидани омўзгорони соҳибихтисос дар омўзиши фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ эҳсос мешавад. Иштирокчиён ва ғолибони озмуну олимпиадаҳои шаҳрӣ ва минтақавию ҷумҳуриявӣ нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳо бештар буда, дар радабандии мактабҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Ҳисор мақоми 25-умро ишғол менамояд.

Давоми ду соли охир дар маркази шаҳр ду муассисаи томактабӣ барои 360  кўдак бунёд ёфтааст.

Мудири шуъбаи маориф дар бораи таъмини мактабҳо бо кабинетҳои фаннӣ, компютеру принтер, тахтаҳои электронӣ, мизу курсӣ ва китобҳои дарсӣ, инчунин, эҳтиёҷот ба онҳо маълумот дода қайд намуд, ки бо мусоидати Раиси шаҳр ва дастгирии аҳолию соҳибкорон дар назди муассисаҳои таълимӣ бештар аз 165 синфхонаҳои иловагӣ сохта ба истифода дода шуда истодааст.

Шарифҷон Ҷумъазода маорифро соҳаи сарнавиштсоз унвон карда, бетавҷҷуҳӣ ва хунукназарӣ дар ин соҳаро бетарафӣ ба тақдири ояндаи фарзандон ва дар умум ба давлату миллат хонд. Ҳамчунин иброз дошт, ки обрўю мартабаи омўзгор назди шогирдон ва аҳли ҷомеа аз фаъолияти худи ў вобаста буда, ҳар инсон ба андозаи заҳмату хизмати худ назди мардум подош хоҳад гирифт.

Дар интиҳои вохўрӣ Раиси шаҳр ба омўзгороне, ки дар таълиму тарбияи шогирдон ва рушди соҳа дар шаҳр саҳми муносиб гузоштаанд арзи сипос намуда, ба як қатор устодон Сипосномаи Раиси шаҳр, Ифтихорнома ва нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдим намуд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru