ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2013
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2043
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта14525
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта24140
mod_vvisit_counterҲамин моҳ58447
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта84276
mod_vvisit_counterҲамагӣ1399082

Нишасти матбуотии раиси шаҳр

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

12 феврали соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода бо доираи васеи хабарнигорони ҷумҳуриявию маҳаллӣ нишасти матбуотӣ доир намуд.

Дар нишаст муовинон, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарон ва кормандони масъули муассиса ва корхонаю ташкилотҳои марбут ба самти иҷтимоии шаҳр иштирок доштанд.

Котиби матбуотии Раиси шаҳр перомуни суолу пешниҳодҳои кормандони васоити ахбори умум, рўзноманигорон дар нишасти қаблӣ ва рафти иҷрои он ба ҳозирин ахборот дод.

Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода ба аҳли нишаст оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Ҳисор дар соли 2020 маълумоти муфассал дода, рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳро дар ин давра хуб ва устувор арзёбӣ намуд.

Сипас, рўзноманигорон аз радиои «Тоҷикистон», радиои «Садои Душанбе», ҳафтаномаи «Инсон ва табиат» ва телевизиони «Сафина» ба Раиси шаҳр дар бораи рафти корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳр ба ифтихори 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти комбинати металургӣ, сехҳои дўзандагии навтаъсис, дастовардҳо дар самти кишоварзӣ ва омодагӣ ба кишту кор, бахусус, кишти такрории картошка, содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар, вазъи хона – интернати касалиҳои рўҳӣ ва мактаб – интернатҳо, ҳифзи муҳити зист, корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, таъмири роҳҳо ва бунёди толор ва майдончаҳои варзишӣ суолҳои худро пешниҳод карда ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru