ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН
БАРОИ МУРОҶИАТ
ҲИСОР ДАР АКСҲО
ТАШРИФКУНАНДАГОН







![]() | Имрӯз | 1458 |
![]() | Рӯзи гузашта | 2567 |
![]() | Ҳамин ҳафта | 8326 |
![]() | Ҳафтаи гузашта | 20198 |
![]() | Ҳамин моҳ | 40234 |
![]() | Моҳи гузашта | 50366 |
![]() | Ҳамагӣ | 1228805 |
Баррасии Барномаи давлатии соҳаи маориф
- Сешанбе, 02 Март 2021


- Пешина
- 1 of 2
- Минбаъда
1 марти соли 2021 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо иштироки Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода ҷаласаи машваратӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2017, №357 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомўзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2022» таҳлилу баррасӣ гардид.
Вобаста ба масъала муовини Раиси шаҳр суханронӣ намуда иброз дошт, ки бо мақсади таъмини Барномаи мазкур бо қарори раиси шаҳри Ҳисор аз 29 декабри соли 2017 як қатор корҳо амалӣ гардидааст. Барнома таҳти назорати шуъбаи маорифи шаҳр қарор дошта, нақша чорабиниҳо таҳия шудааст ва бо ишттироки роҳбарони муассисаҳои таълимӣ баррасӣ гардидааст.
Тибқи талаботи Барнома ҳамасола то 20 фоизи кормандони соҳаи маориф аз курсҳои такмили ихтисос мегузаранд ва савияи дониши илмию методии худро баланд мебардоранд. Вобаста ба бандҳои дигари Барнома озмунҳои муаллими сол, кабинети фаннии беҳтарин, омодасозии беҳтарин китобхонаи электронӣ гузаронида шудааст.
Раиси шаҳр ба номукаммал будани рафти иҷрои Барнома, ки тибқи санҷишҳо ошкор шудааст эрод гирифта, таъкид намуд, ки татбиқи он ба сифати таълиму тарбия таъсири мусбии худро мерасонад ва масъулин дар ин самт бояд ҷиддӣ муносибат намоянд.
Дар идомаи машварат муовини якуми Раиси шаҳр оид ба фаъолият ва иқтидори истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ, ҳолати камераҳои назоратии муассисаҳо ва корхонаву ташкилот, таъмиру тармими роҳҳо, сафарбарии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва ҳолати иншооти ҷашние, ки дар арафаи Наврўзи байналмилалӣ ифтитоҳ мегарданд маълумот дод.
Раиси шаҳр аз рафти иҷрои нақшаи андоз, назму тартиб дар бозору дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ, пардохти нафақа ва дар бораи таъсири сармои рўзҳои охир ба боғу токзор ва дигар маҳсулот, омодагиҳо ба кишти картошкаю сабзавот ва пахта гузориши муфассал доданд.