ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1395
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2567
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта8263
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта20198
mod_vvisit_counterҲамин моҳ40171
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта50366
mod_vvisit_counterҲамагӣ1228742

Таҷлили рўзи матбуоти тоҷик

http://www.zoofirma.ru/

Ба ифтихори Рўзи матбуоти тоҷик 11 марти соли 2021 дар толори Осорхонаи таърихӣ - кишваршиносии шаҳр бо иштироки рўзноманигорон, собиқадорони матбуот, ва табъу нашр, адибон, кормандони нашрияҳои шаҳрӣ, хабарнигорони фаъоли ҷамъиятӣ ва алоқамандони рўзномаву маҷалла ва паҳнкунандагони ҷаридаҳо мизи мудаввар баргузор гардид.

Муовини раиси шаҳр Юлдошзода Бунафша ба самъи иштирокчиёни чорабинӣ таманниёти Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода ба муносибати Рўзи матбуоти тоҷик қироат намуда, нақши рўзноманигоронро  дар дастгирии сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҳкими сулҳу ваҳдат, истиқлолият, баланд бардоштани  маърифати сиёсиву фарҳангии аҳли ҷомеа, тарѓиби корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳиму назаррас арзёбӣ намуд.

Аҳли нишаст оид ба фаъолияти нашрияҳои шаҳрӣ, нигоштаҳои рўзноманигорон дар инъикоси ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии шаҳр изҳори назар карда, ҷиҳати  боз ҳам бештар гардидани эътибору мартабаи рўзномаю маҷаллаҳо пешниҳоду андешаҳои ҷолиб  баён доштанд.

Дар хотима ба собиқадорони соҳа ва муассисаҳое, ки дар маъракаи обуна ба нашрияҳои маҳалливу ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона доштанд туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор тақдим гардид.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru