Ифтитиоҳи Беморхона дар деҳаи Меҳргони Ҷамоати Хонақоҳи Кӯҳӣ

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

 

Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар деҳаи Меҳргони Ҷамоати Хонақоҳи Кӯҳӣ беморхонаи минтақавӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки дар он раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода ва муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарзода Саида Ғайрат иштирок ва аҳолии ҷамоатро бо иди Наврӯз ва ифтитоҳи беморхона шодбош гуфтанд.

Раиси шаҳр дар суханронии худ зикри он дошт, ки: «Таърихи Наврӯз баёнгари рӯзгори босаодат ва пурғановати ниёгонамон буда, шаҳодате аз тамаддуни бузург, офарандагӣ ва завқи баланди миллати кӯҳанбунёдамон мебошад. Бо шарофати ин иди аҷдоди давоми моҳ дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот корҳои созандагиву ободкорӣ вусъати тоза гирифта, аҳоли азми он доранд, ки онро бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ пешвоз гиранд. Дар идомаи ин иқдомот ва рӯйдодҳои наҷиб имрӯз мо шоҳиди ба фаъолият оғоз намудани бинои боз як беморхонаи замонавӣ дар деҳаи Меҳргон гардидем.

Мехоҳам аз номи шумо ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии пайваста ва бунёди чунин як беморхонаи замонавӣ изҳори сипосу эҳтиром намоям…

Дар хотимаи суханронии худ мехоҳам изҳори боварӣ намоям, ки нерӯи бисёрҳазорнафараи табибон барои мувофиқи талаботҳои рӯз ба роҳ мондани ҳифзи сиҳатии омма кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то тарзи ҳаёти солим шиори ҳамагон гардад.

Бори дигар ҷашни мардумӣ_Наврӯзи Аҷамро табрику муборак бод гуфта, амалишавии накӯтарин орзуҳоро таманно намуда, бароятон саломативу хушбахтӣ хоҳонам.»

Кормандони беморхона низ барои чунин иқдом ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда, азми он доранд, ки дар иҷрои вазифа дучанд масъулиятшинос бошанд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru