ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз274
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1861
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта274
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта13109
mod_vvisit_counterҲамин моҳ25521
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта56757
mod_vvisit_counterҲамагӣ1120928

Ифтитоҳи кӯдакистони "Бибиҷон"

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 5
  • Минбаъда

Дар идомаи корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи ҷаҳонафрӯз, ки аз сиёсати фардоофари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, дар шаҳри Ҳисор бо иштироки раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода ва муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ муассисаи таълимии томактабӣ бо номи «Бибиҷон» барои 100 нафар кӯдакон ба фаъолият ощоз намуд.

Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода дар суханронии худ зикри он дошт, ки: «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ таъкид кардаанд, ки “Ҳадафи асосии мо ба камол расонидани насли бедордилу огоҳ ва соҳибмаърифат аст.” Ин таъкид ва сиёсати маорифпарварона Пешвои миллат ишорат бар он дорад, ки тарбияи кӯдакон кори муқаддас ва пурмасъулият аст. »

Баъдан муовини вазири маорифи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ ба соҳибкори маҳаллӣ Давлатмурод Эшов барои бунёди чунин муассисаи замонавӣ изҳори сипос намуда, даъват бар он дошт, ки мо бояд дар роҳи таълиму тарбияи кӯдакон бештар масъулиятшинос бошем.

Барномаи таҳиякардаи мураббиёни бощча саршор аз шеъру суруд ва ҷаҳони кӯдакона буд, ки моро ба дастгирию пуштибонии созандагони фардои миллат ҳидоят мекард ва баёнгари олами афсонаю ширинии зиндагӣ аз олами тифлони маъсум дошт.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru