ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1870
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3111
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта4981
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта17033
mod_vvisit_counterҲамин моҳ66779
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта60568
mod_vvisit_counterҲамагӣ1860161

Тарғиби Паём бо фаъолони шаҳри Ҳисор

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 6
  • Минбаъда

Мувофиқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз аз 4 январи соли равон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба шаҳру навоҳии кишвар ташриф оварда, бо интихобкунандагони худ дидору мулоқот ва роҷеъ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат доир менамоянд.

Санаи 6 декабри соли 2021 дар маҷлисгоҳи Маркази кўмаки аввалияи тиббӣ -  санитарӣ дар шаҳри Ҳисор мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дўстмуродзода бо иштироки муовини раиси шаҳр Бунафша Юлдошзода, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор Изатулло Ҳабибзода бо табибон, ҳамшираҳои шафқат ва кормандони Марказ ва Беморхонаи марказии шаҳр доир гардида, вобаста ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, ҳамчунин санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки мақоми олии қонунбарори мамлакат қабул кардааст, татбиқи сиёсати самараноки молиявӣ ва дигар соҳаҳо суҳбат оростанд.

Сараввал вакили Маҷлиси намояндагон оид ба фаъолияти вакилӣ ва санаду қонунҳо, инчунин кодексу созишномаҳое, ки дар парламенти кишвар таҳияву қабул ва баррасӣ шудааст, маълумоти мухтасар дода, қабули чандин стратегияву барномаҳои давлатиеро, ки дар рушди соҳаҳои мухталифи кишвар, аз ҷумла соҳаи тандурустӣ нақши муҳиму калидӣ доранд шарҳу эзоҳ дод.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олӣ, ки 21 декабри соли 2021 ироа шуд, бозгўи давраҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва минбаъда, вазъи кунунии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар буда, рушди минбаъдаи мамлакатро дар давраҳои минбаъда  пешбинӣ ва муайян менамояд. Тавре аз Паём бармеояд, чун ҳамеша соҳахои маорифу тандурустӣ дар меҳвари асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва дар оянда низ ба ин соҳаҳо афзалияти бештар дода мешавад, - иброз дошт вакил.

Сурайё Дўстмуродзода аз элон шудани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» ёдовар шуда, таҷлили ҷашни пуршукўҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардидани озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурўғи маърифат»-ро  аз чорабиниҳои муҳими сол арзёбӣ намуд ва саҳми онҳоро дар баланд бардоштани маърифат ва хештаншиносии аҳолӣ, бахусус ҷавонон арзишманд баҳогузорӣ кард.

Дар идомаи чорабинӣ Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор Изатулло Ҳабибзода ба сухан баромада вобаста ба авзои сиёсии ҷаҳони имрўза ва вазифаҳои аҳли ҷомеа дар ин давраи мураккаби сиёсӣ изҳори назар кард ва табибонро, ки дар навбати худ тарғибгарони сиёсати Ҳукумати мамлакат низ маҳсуб меёбанд, дар ин бахш ба ҳамкорӣ даъват намуд.

Ҳамин монанд дидору мулоқот нимаи дуюми рўзи 6 январи соли ҷорӣ бо ҷавонони фаъоли шаҳри Ҳисор, аз ҷумла гирандагони стипендияҳои президентӣ ва раиси шаҳр, ғолибони озмунҳо ва олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ, варзишгарони муваффақ дар толори мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр доир гардида, дар он вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дўстмуродзода, Саидҷаъфар Усмонов ва муовини якуми раиси шаҳр Сироҷиддин Каримзода оид ба нуктаҳои асосии Паём, ки фарогири масъалаҳои вобаста ба фаъолияти ҷавонон мебошад, баёни андеша намуданд.

Мулоқоти вакилон рўзҳои минбаъда дар маркази ҷамоатҳои шаҳраку деҳот идома меёбанд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru